Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луқмон Бойматов: "Тоҷикон" махзани дониш аст, вале бут нест


Ишқ ба меҳан, омода будан барои дифоъ аз хоку бум, аз худ гузаштан ва фидо кардани ҷони хеш барои мардуми он аз бузургтарин боварҳост, ки реша дар таърих дорад ва таърих ҳаргиз достони мурдагон нест, балки баёни ҳоли зиндатаринҳост, ки мантиқ ва ақлҳои солим пазируфтааст.

Раисҷумҳур худ дар Тоҷикистон ба унвони як таърихнигор муаррифӣ шуда ва пӯшида ҳам нест, дар осору суханрониҳояш пайваста таъкидҳое бар нуфузи илми таърих дар ҷиҳати меҳандӯстӣ менамояд. Чунончӣ, дар “Паёми солона”-и Раисҷумҳур дар рӯзи 26-уми декабр омада, ки “ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Дар кори таблиғу ташвиқ, бахусус барои хориҷиён набояд шитоб намуд, чун онон гузаштаи моро аз мо дида беҳтар медонанд. Ҳушёр бошем, ки дар таблиғоти боғаразу хато бисёр чизҳои кӯчак бузургу боқадр ва чизҳои бузург кӯчаку беарзиш шудаанд. Ва нек бояд донист, ки муаррифӣ ва таблиғи илму дониш, агар бемӯҳтавост, баробари шармандагист.

Ҳамаи ақвоми милал аз илму дониш ситоишҳо карда ва барои афроде, ки бузургтарин хидматро дар роҳи илму дониш кардаанд, эҳтиром қоиланд. Бе шак, Бобоҷон Ғафуров аз бузургони илм аст ва китоби “Тоҷикон” ба қавли Раисҷумҳур “арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.”

Бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки китоби “Тоҷикон” як асари комилан илмӣ ва пажӯҳишӣ аст, на як китоби адабӣ ва ҳунарӣ. Он бо сабки вежаи илмӣ тадвин шудааст. Додаҳои илмиаш бар пояи дастовардҳои дониши таърихнигории даҳаҳои 60-и асри гузашта шакл гирифта ва мухотабинаш дар замони шӯравӣ асосан қишри донишгоҳӣ, ба сухани дигар, табақоти хосс будаанд.

Луқмон Бойматов
Луқмон Бойматов

Ошкор аст, чопи муҷаддади ин китоб ҷиҳати таблиғ ва ташвиқи дониши таърих барои мардуми тоҷик тарҳрезӣ шуда ва зоҳиран, бо ин ният дар “Паём” гуфта шудааст: “Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа намояд.”

Ҳар чизе, ки аз ҳад гузарад, ифрот аст. Ифрот дар ҳавзаҳои илму фарҳанг низ ба чашм мехӯрад. Яке аз намунаҳои ахири ифроти фарҳангӣ ташвиқи китоби “Руҳнома”-и Раисҷумҳури собиқи Туркманистон аст, ки ҳам акнун табдил шуда ба “ҳуҷҷати мазоҳи таърихи туркманҳо”.

Пешниҳоде, ки барои таблиғи китоби “Тоҷикон” дар Тоҷикистон ироа шудааст, намунаи дигаре аз ифротҳои навин метавонад шавад, чаро ки дар тасмими боло ҳамаи шаҳрвандон якрангу ягона дида шуда ва тарроҳон бар ин гумонанд, ки ҳама мисли онҳо фикр мекунанд ва ё бояд ҳамон гуна, ки онҳо мегӯянд, фикр кунанд. Ифроте, ки анҷом мешавад, натиҷаи андешаи илмӣ нест, балки саранҷоми донистаниҳои ниматамоми фурсатталабонест, ки бо шитоб барои судҷӯйии худ ва гурӯҳе сурат гирифтааст.

Албатта, тӯҳфа кардани китоб аз тарафи ҳукумат барои мардуми шарифи тоҷик дар шароити имрӯз иқдоми бисёр хубест, вале беҳтар он бувад, ки ба хотири ҳадя ба мардум, арзиши илмии махзани таърихро хор набояд кард. Аз сӯйи дигар, аз ҳадди хос ба ҳадди ом пойин овардани манзалати китоби “Тоҷикон” навъе аз беқадр кардани фазл аст.

Дар назар бояд дошт, ки китоби илмӣ-таърихӣ, қабл аз ҳама барои муҳаққиқон ва сипас барои алоқамандони таърих аст. Ин асар ҷиҳати таҳқиқ муҳим аст ва он на он бути кӯчаки сафолист, ки дар тоқчаҳои ҳар хонаводаи тоҷик бониёзу бениёз, бамавриду бемаврид қарор бигирад ва хонаи тоҷикон низ ҳаргиз бутхона нест. Донишу эътибори бузургони илм ва боварҳои мардуми тоҷикро набояд ба масхара кашид.

Илми таърихнигорӣ оби мурдаи таърих нест, ки якҷо биистад, он мисли рӯдхона ҳамеша дар ҳоли ҳаракат ва пешравист. Медонем, ки аз чопи нахустини ин асар наздик ба ним қарн мегузарад ва мусалламан, дар ин муддат махзани дониши таърихи миллӣ ва ховаршиносӣ ба ҳадди зиёда ҳайратангез афзудааст.

Бидуни муболиға, метавон гуфт, баҳсе ва ё бахше аз китоби “Тоҷикон” нест, ки дар илми муосир такмилу тафсир нашуда бошад. Кофӣ аст, ишорае ба “баҳси ақвоми ориёӣ” карда шавад, ки пас аз чопи китоби мазбур, дар илми муосир садҳо китобу мақолаҳои илмӣ ироа шудаанд. Таълифот ба андозае густариш ёфта, ки акнун ҳар як аз баҳси китоби мазбур ниёз ба баррасӣ ва таҳлили амиқи историографӣ дорад, ногуфта аз интиқоди васеъ ва амиқи мӯҳтавои илмии он.

Дар матни суханронии Раисҷумҳур омадааст: “Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.”

Пахши нусхаҳои электронии китоби “Тоҷикон”, то ҷое иттлоъ дорам, ба забони аслӣ (русӣ) солҳост дар сомонаҳои мухталифи русӣ дар чархиш аст. Вале пайдо кардани матни тоҷикии он дар шабакаҳои иттилоотӣ (интернет) кори басе мушкилест. Аз ин рӯ, тавсеаи матни электронии ин китобро ба забони модарӣ барои хонандагон ва алоқамандони таърих ва фарҳанги миллӣ ба фоли нек метавон гирифт.

Зимнан, тарҷумаи тоҷикӣ ва тадвини матни форсии китоби “Тоҷикон”, ки чанд боре ҳам дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон нашр шудаад, аз мушкилоти фаровони илмӣ бархӯрдор аст.

Ба ин далел нашри нави матни форсии китоби мазбур, агар бо тафсироти илмӣ холӣ аз аҳамият нахоҳад буд. Боиси хушҳолист, ки тарҷумаҳои англисӣ ва узбекии ин асар низ мавҷуданд. Агар, қарор бар ин бошад, ки китоби “Тоҷикон” “дар шароити кунунӣ, яъне замоне ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”, беҳтар ва мантиқитар он бувад, ки ҷадидтарин осор ва таълифоти илмии муаррихон ва пажӯҳишгарони ҳам дохиливу ҳам хориҷӣ дар мавриди шахсиятҳои бузурги таърихии сарзамини Осиёи Марказӣ тарҷумаву ба чоп бирасанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран, осори гаронбаҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ дар ҳавзаҳои мухталифи таърих ва ховаршиносии муосир падид омада ва бе муҳобот ниёзманди таҳлилу арзёбианд.

Аҳамияти осор ва таҳқиқоти илмии солҳои ахир ҷиҳати ошноии мардуми тоҷик бо назари донишмандони хориҷӣ, бамаротиб судмандтару муассиртар аз таблиғи шиоргунае хоҳад буд. Такрори маҳзи дидгоҳҳои маъруф ва гоҳе олуда бо идуюлужики замони шӯравӣ бар зарари пешрафти дониш ва биниши таърихии алоқамндони таърихи миллӣ аст.

Гузашта аз ин, беҳтар нест, барои “густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо” силсилаҳои илмӣ - пажӯҳишӣ дар мавриди родмардони таърихи миллӣ ва пиромуни муҳимтарин воқеаҳои таърихӣ, аз қабили: Спитамон, Абӯ Муслим, Муқаннаъ, Деваштич, Ғурак, Исмоили Сомонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Сарбадорони Самарқанд, қиёми Даҳбедиён, Восеъ ва бисёр дигарон дар сатҳи боло ва бар пояи ҷадидтарин додаҳои илмӣ таълиф ва тавсеа гарданд?!

Ҷазби дониш кори хайр аст. Вале дониш бояд корбурд ва дорои навтарин иттилооти илмӣ бошад. Кореро бояд анҷом дод, ки боварҳоро тақвият бахшад. Агар боварҳо қавӣ бошанд, одамон бо хуну ғарқ дифоъ аз арзишҳо хоҳанд кард.

Аз миллат набояд таърихашро гирифт

Раисҷумҳур дар суханрониаш бо таъкидоти мукаррар ба ҷойгоҳ ва тавсеаи санъати ҷаҳонгардӣ мефармояд, ки «рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб меравад”. Ба назар менамояд, ки раисҷумҳур ягона роҳи тавсеаи санъати гардишгариро дар пардохти молиёти боимтиёз мебинад. Чунончӣ, дар суханронии мазбур омадааст: Ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он (санъати ҷаҳонгардӣ - Б. Л.) аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.”

Вале воқеияти авзои иқтисодии кишвар ба он дорад, ки роҳи пешниҳодӣ ба ҳеч ваҷҳ омили асосии рушди гардишгарӣ дар кишвар наметавонад шавад. Мутахассисон нек медонанд ва борҳо гуфтаанд, ки ба мудддати муайян озод намудани сармоягузорони дохилӣ аз пардохти ҳар навъ молиёт метавонад муассиртарин омили пешрафти иқтисоди кишвар хоҳад шуд. Бо камоли таассуф, шоҳидем, кишваре, дорои нирӯи бузурги инсонӣ ва корист, дар вазъи бисёр хорӣ қарор дорад. Чӣ басо шармандагист, ки далелҳои мувассақи коршиносон фақат ва фақат дар рӯйи коғаз мемонанд ва шиорҳои дурӯғини маддоҳон рӯйи чашм мешаванд.

Мутмаинам, агар сармоягузорони дохилӣ аз пардохти молиёт ба муддати 5-6 сол озод карда шаванд, барои мисол, “Ҷазираи Темурмалик” дар Хуҷанд табдил ба “Қутби гардишгарӣ”-и меҳани азиз хоҳад шуд. Боз кардани фазо барои равнақи иқтисоди кишвар ирода мехоҳад, ки афсӯс, ки нест.

Боиси сарафрозист, ки ҳавоси давлат ва мушовирони раисҷумҳур бар зикри муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ дӯхта шуда ва аз ин тариқ муфтахарот ва боварҳои миллиро ифтихормандона пеши назари ақвоми милал намоиш медиҳанд.

Зимнан, агар боварҳо бар пояи илм ва боиси осудагӣ ва оромиши мардуме ё диёре бошанд, бидуни шак, аз ин навъ иқдомҳои фарҳангӣ ва ҳувиятсоз ҳамаи миллатҳои дунё хушҳол хоҳанд шуд. Вале агар боварҳо бо мақсади тақвият ва дифоъ аз манфиатҳои гурӯҳе ва ё гурӯҳаке бошанд, мардум дигар ба боварҳо бовар нахоҳанд кард.

Басе хуб аст ва ҷой дорад сипосгузор бошем, ки “бо пешниҳоди мо (ҳукумат - Б. Л.) чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард.” Бо ин ҳол, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ ва маънавиёт аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаву давлат аст. Набояд аз корҳое кӯчак, ки анҷомаш вазифа аст, достонҳои ғурур суруд.

Воқеан, агар ҳадафи ҷомеа, давлат ва масъулини кишвар дар тақвияти боварҳои ватандӯстии шаҳрвандонаш бошад, пас ба чӣ далел зикр ва таҷили ҳувиятсозтарин воқеаҳои таърихи миллӣ, гӯйи, ки одате шуда бошад, ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад. Чанде пеш, таҷлили 650 - умин солгарди бузургтарин қиёми мардумии Самарқанд алайҳи муғул, ки дар таърихи башар ба номи “Сарбадорони Самарқанд” шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, ба боди фаромӯшӣ дода шуд. Ин бор 800-умин солгарди дифои хуҷандиён (соли 2020) дар баробари ҳамлаи хунбори муғулон бо ин ҳама таъкидоти мукаррар, дар чанд соли ахир шуда, аз ёди масъулин пок рафта? Сабаб чист?

Чаро зеҳн ва ёди донишмандон, муаррихон ва мушовирони раисҷумҳур дар бахши таърих ва фарҳанг ин ҳама муддат дар хоби гарон фурӯ рехта ва ё онон қасдан намехоҳанд, сухане аз мардонагиҳои самарқандиён, бухориён, утрориён, нишопуриён, толиқониён, ҳиротиён ва хуҷандиён ба миён оранд?

Магар сукути хеш дар баробари аъмоли ифтихорманди таърихи ниёкон ба маънии ҳазфи ҳисси ифтихори ворисон нест? Таърих ва забони миллатеро бигиред, нишоне аз он миллат нахоҳад монд.

Солҳост, ки илму дониш василаи касби шӯҳрати дурӯғинамон шудааст. Чӣ басо даҳҳо муассисаҳои илмиву пажӯҳишӣ ва садҳо муаррихони соҳибунвон дорем, вале дар амал қудрати нишон додани мардонагиҳои таърихии ниёконро барои ҷаҳониён надорем. Далели адами тавоноии илмӣ ин аст, ки дар зиндагӣ зоҳирбину зоҳирпараст шудаем, ба умқи маонии таърих нарасидаем, ҳатто маънии меҳандӯстӣ бароямон табдил ба шиори хушк шудаааст.

Луқмон Бойматов, таърихнигор

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG