Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод кушта шуд. ВИДЕО


Генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пурқудрати Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон субҳи 3-юми январ дар ҳамлае дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ, кушта шуд. Дар ин ҳамла Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис, муовини раҳбари "Ҳашд Аш-Шаъбӣ", гурӯҳи ниманизомиёни шиаи тарафдори Эрон дар Ироқ низ ба ҳалокат расидааст. Қосим Сулаймонӣ аз қудратмандтарин шахсиятҳои низомӣ ва сиёсӣ дар Эрон ба шумор мерафт ва масъулияти фаъолиятҳои низомии он кишвар дар минтақаро ба ӯҳда дошт.

Сипоҳи посдорони иниқлоби исломии Эрон дар хабарномае субҳи ҷумъа тасдиқ кард, ки Қосим Сулаймонӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Сипоҳи посдорон мегӯяд, "дар ҳамлаи чархболҳои амрикоӣ ба як мошин дар Бағдод, Қосим Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис кушта шуданд".

Пештар гузоришҳое дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Бағдод нашр шуда буд. "Ҳашд Аш-Шаъбӣ" -- нерӯҳои ниманизомии Ироқ дар шабакаи "Твиттер" кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандисро дар ҷараёни ҳамла ба корвони онҳо дар фурудгоҳи Бағдод таъйид кард.

Вазорати дифои Амрико дар баёнияе эълом кард, "бо дастури президенти Амрико Доналд Трамп, артиши Иёлати Муттаҳида дар иқдоме қотеъ ва дифоӣ барои ҳифозат аз афроди амрикоӣ, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдоронро, ки дар феҳристи террористӣ қарор дошт, кушт".

Як мақоми катиба ё воҳидҳои "Ҳизбуллоҳ" -- гурӯҳи ниманизомии шиаи мавриди ҳимояти Эрон ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис барои истиқбол аз Қосим Сулаймонӣ ба фурудгоҳи Бағдод рафта буд. Тибқи ин гузориш, Қосим Сулаймонӣ эҳтимолан аз Сурия ё Лубнон вориди Бағдод шуда буд.

Вокунишҳо ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико шомгоҳи панҷшанбе ва чанд соат баъд аз нашри хабар кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар "Твиттер"-и худ танҳо акси парчами Амрикоро нашр кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорон аз сӯи Амрико гуфтааст, ки "интиқоми сахте" даркор хоҳад буд. Раҳбари Ҷумҳурии исломӣ дар паёми худ зимни ситоиш аз шахсияти Қосим Сулаймонӣ гуфтааст, "бо рафтани ӯ, кори ӯ ва роҳи ӯ" мутаваққиф ва баста нахоҳад шуд.

Алӣ Хоманаӣ ваъда додааст, ки "интиқоми сахте дар интизор"-и касоне аст, ки дар ҳамлаи дишаб ӯро куштанд. Раҳбари Ҷумҳурии исломӣ таъкид кардааст, ки Қосим Сулаймонӣ чеҳраи байналмилалии муқовимат аст. Раҳбари Эрон ба муносибати кушта шудани Қосим Сулаймонӣ се рӯз мотами умумӣ эълон кардааст.​

Қатли генерали эронӣ дар Бағдод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, дар пайи кушта шудани Қосим Сулаймон аз сӯи Амрико дар Бағдод, кордори сафорати Шведсия дар Теҳрон ба унвони ҳофизи манфиатҳои Амрико, ба вазорати умури хориҷии Эрон даъват шудааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "ба вай гуфта шуд, ин иқдоми Амрико намунаи боризи терроризми давлатӣ аст ва режими Амрико масъули ҳамаи оқибатҳои он хоҳад буд".

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар ҳисобии корбарии худ дар "Твиттер" бо нашри аксҳое аз Ироқ гуфтааст, ироқиҳо дар хиёбонҳо барои озодӣ мерақсанд, сипосгузоранд, ки дигар Қосим Сулаймонӣ нест.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорон аз сӯи Амрикоро иқдоми "бисёр хатарнок" хонд ва гуфт, ИМА масъули ҳама оқибатҳои ин иқдом хоҳад буд.

Муҳсин Ризоӣ, фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон ва дабири Маҷмааи ташхиси маслиҳати низом дар паёме дар "Твиттер"-и худ ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ишора карда ва ваъда додааст, ки "интиқоми сахте" аз Амрико гирифта хоҳад шуд.

Ҳисомиддин Ошно, мушовири расонаии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳам дар паёми твиттерӣ, нисбат ба паёмадҳои иқдоми Амрико дар куштани Қосим Сулаймонӣ ҳушдор додааст.

Бино ба гуфтаи бархе манбаъҳои хабарии дохили Эрон, нишасти изтирории Шӯрои олии амнияти миллии он кишвар бо ҳузури Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон баргузор шуд.

Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи ҷумъа кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал-Муҳандис дар ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Бағдодро маҳкум кард. Ӯ дар баёнияе гуфт, "ҳамлаи ҳавоӣ дар фурудгоҳи Бағдод иқдоме таҷовузкорона ба Ироқ ва нақзи ҳаққи ҳокимияти он аст, ки ба ҷанг дар Ироқ, минтақа ва ҷаҳон мунҷар мешавад". Вай аз порлумони Ироқ хост то як нишасти фавқулодда ташкил диҳад.

Рӯзи ҷумъа Нанси Пелоси, раиси демократи Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфт, ки куштани Қосим Сулаймонӣ, "шиддат гирифтани танишҳо аст". Қонунгузорони ҷумҳурихоҳ дар Амрико ҳимояти қотеи худро аз тасмими президент Трамп барои ҳамлае, ки боиси кушта шудани Қосим Сулаймонӣ шуд, эълом карданд. Аммо дар ҳамин ҳол, Конгресси Амрико гила кардааст, ки аз қабл ҳеҷ маълумоте дар мавриди ин ҳамла дарёфт накарда буд.

Дар пайи хабари кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, қимати нафт рӯз ҷумъа беш аз чаҳор дарсад афзоиш ёфт. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", сармоягузорон ба таври афзоянда нигарони таъсири эҳтимолии ин таҳаввул бар Ховари Миёна ва таъмини нафт аз он минтақа ҳастанд.

XS
SM
MD
LG