Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳаввулоти пас аз кушта шудани Сулаймонӣ" дар суҳбати вазирони тоҷику эронӣ


Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон. Акс аз бойгонӣ
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон. Акс аз бойгонӣ

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон "равобити дуҷониба, масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ ва таҳаввулоти пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои қудси Сипоҳи посдоронро" баррасӣ кардаанд. Сомонаи расмии Вазорати умури хориҷии Эрон ин хабарро рӯзи 4-уми январ нашр кард. Манбаъ гуфт, Муҳаммадҷавод Зариф ва Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи шанбе гуфтугӯи телефонӣ доштанд. Ҷузъиёти суҳбат ошкор нашудааст. Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то ба ҳол дар ин бора хабар надодаанд.

XS
SM
MD
LG