Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон бо Сулаймонӣ падруд мегӯяд, таниши миёни ИМА ва Эрон дар ҳоли афзоиш аст


Маросими ҷанозаи Сулаймонӣ ва дигар қурбониёни ҳамлаи ҳафтаи гузашта
Маросими ҷанозаи Сулаймонӣ ва дигар қурбониёни ҳамлаи ҳафтаи гузашта

Ҷанозаи пешвои низомии эрониҳо, ки дар як ҳамлаи ҳавоии амрикоиҳо кушта ва боиси афзоиши танишҳо дар равобити ИМА ва Эрон гардид, рӯзи 6 январ ба Теҳрон интиқол ёфт. Маросими ҷанозаи фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Қосим Сулаймонӣ рӯзи душанбе таҳти раҳбарии пешвои олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ баргузор шуд. Теҳрон гуфтааст, ки интиқоми куштори Сулаймониро хоҳад дод.

Телевизиони давлатии Эрон дар нашри маросими дафн майдони Озодии Теҳрон ва издиҳоми мардум дар тӯли се километр роҳро намоиш дод. Духтари фармондеҳи кушташуда Зайнаб Сулаймонӣ президент Трампро барои содир кардани амри қатли падараш интиқод кард ва гуфт, ки ин куштор “барои ИМА рӯзҳои сиёҳе” меорад.

Сулаймонӣ, ки субҳи 3 январ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод расида буд, дар як ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ кушта шуд. Президенти ИМА Доналд Трамп дар таҳдидаш гуфт, ки агар Теҳрон дар фикри ҳамла ба манфиатҳои ИМА шавад, ҳадафҳои эронӣ, аз ҷумла маконҳои таърихии Эронро ҳадаф қарор медиҳад. Айни замон, дар Бағдод аъзои парлумон қатъномае қабул карда аз нирӯҳои ИМА талаб карданд, ки қаламрави Ироқро тарк кунанд. Ин ҳодиса вокуниши хашмолуди Трампро ба бор овард.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Эрон рӯзи 5 январ бо пахши изҳороте гуфт, ки аз ӯҳдадориҳои ҳастаиаш даст мекашад. Теҳрон гуфт, ки дигар ба созишнома итоат карданӣ нест. Ин созиш миқдори сентрифугаҳои иҷозашуда барои пешбурди фаъолиятҳои ҳастаиро маҳдуд мекунад. Президент Трамп аз ин созиши ҳастаӣ бо Эрон, ки соли 2015 имзо шуда буд, соли 2018 хориҷ шуд. Вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас рӯзи 6 январ гуфт, ки ин қадами нахустин барои қатъи созишнома мешавад, ки як “маҳрумияти бисёр ҷиддӣ аст, аз ин хотир мо бояд ҳамаро хеле бомасъулиятона арзёбӣ кунем”. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг барои баррасии бӯҳрони баамаломада рӯзи 6 январ дар Брюссел ҷаласаи изтирории сафирони ин паймони низомиро даъват кард.

XS
SM
MD
LG