Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Зариф барои иштирок дар нишасти Шӯрои Амният "виза надодааст"


Вебсайти нашрияи "Foreign Policy" ва хабаргузории "Рейтерз" мегӯянд, вазири умури хориҷии Эрон аз Амрико барои ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дар Ню-Йорк виза ё раводид дарёфт накардааст. Худи Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи сешанбе ин хабарро тасдиқ кард.

Нахуст "Foreign Policy" навишта буд, Доналд Трамп дар ин ҳафта ҷилави вуруди дипломатҳои баландпояи Эрон ба Амрико барои ширкат дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди кушта шудани Қосим Сулаймониро гирифтааст. Пас аз он хабаргузории "Рейтерз" низ чунин гузоришеро нашр кард.

"Foreign Policy" афзудааст, ки ин иқдом "дар таноқуз бо созиши СММ дар соли 1947 аст, ки аз Вашингтон мехоҳад ба мақомҳои хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Амрикоро барои масоили марбут ба Созмони Милал, бидиҳад". Гузориши ин нашрияи амрикоӣ бар пояи хабарҳои пешниҳодшуда аз сӯи се дипломат таҳия шудааст.

Бинобар ин гузориш, Муҳаммадҷавод Зариф, "чанд ҳафта пеш" барои вуруд ба Амрико дархост пешниҳод карда буд, то дар нишасти рӯзи 9-уми январи Шӯрои Амният иштирок кунад. Ин гузориш меафзояд, нишасти рӯзи 9-уми январ Шӯрои Амнияти СММ нахустин фурсат барои вазири умури хориҷии Эрон буд, то мустақиман дар мавриди ҷараёни кушта шудани фармондеҳи Сипоҳи Қудс Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод, назари худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар миён бигузорад.

"Рейтерз" низ ба нақл аз як мақом дар ҳукумати Амрико, ки номаш ошкор нашудааст, мегӯяд ИМА аз додани виза барои оқои Зариф худдорӣ кардааст. "Рейтерз" ин масъаларо ба афзоиши танишҳо байни Теҳрон ва Вашингтон пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, рабт додааст.

Қосим Сулаймонӣ ҷумъаи 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Мақомҳои эронӣ таҳдид кардаанд, ки "интиқоми сахте" хоҳанд гирифт. Оқои Трамп низ таҳдид кардааст, ки ба ҳар вокунише аз сӯи Эрон ба "шиддат" ва "сареъ" посух хоҳад дод.

Як манбаи дипломатӣ ба "Foreign Policy" гуфт, мақомҳои ҳукумати Трамп рӯзи душанбе бо дабири куллии СММ Антонио Гуттерреш тамоси телефонӣ гирифта ва хабари надодани виза ба Зарифро ба ӯ додааст. Мақомҳои расмӣ ҳанӯз вокунише ба гузориши "Foreign Policy" нишон надодаанд.

Як сухангӯи намояндагии Ҷумҳурии исломӣ дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, "ҳанӯз хабари расмӣ дарёфт накардаанд".

Муҳаммадҷавод Зариф дар "Твиттер"-и худ бидуни он, ки мушаххасан тавзеҳи хосе бидиҳад, гуфтааст, "дар ҳоле, ки Амрико маншури Созмони Милали Муттаҳидро мутлақан таҳқир мекунад", Эрон дар рӯзи чоршанбе мизбони нишасте дар мавриди гулӯгоҳи Ҳурмуз хоҳад буд".

Чанд моҳ қабл вазири умури хориҷии Амрико дар мусоҳибае бо "Вашингтон пост" гуфта буд, вақте дипломатҳои амрикоӣ иҷоза надоранд ба Теҳрон бираванд, дипломатҳои эронӣ ҳам наметавонанд озодона дар Ню-Йорк гаштугузор кунанд.

Дар ҳамон замон Амрико маҳдудиятҳоеро дар мавриди рафтуомади мақомҳои Эрон дар Ню-Йорк ва атрофи он, шаҳре ки қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар он ҷойгир аст, ҷорӣ кард. Як мақоми Вазорати умури хориҷии ИМА таъкид карда буд, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда барои Муҳаммадҷавод Зариф ва мақомотҳои Эрон комилан ба тавофуқи Амрико ва СММ дар соли 1947 мутобиқат дорад.

Маҷмаи умумии СММ дар пай аз Амрико -- мизбони қароргоҳи СММ хоста буд маҳдудиятҳои гаштугузори дипломатҳо ва мақомҳои хориҷӣ дар Ню-Йоркро аз байн барад. Ин маҷмаъ содир нашудани виза барои дипломатҳоро низ маҳкум карда буд. Дар қатънома аз кишвари хосе ном бурда нашуда буд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG