Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

105-умин солрӯзи "писари қозикалон" ва бозигари нақши Ленин


Аслӣ Бурҳонов, "писари қозиқалон" ва офарандаи нақши "доҳии пролетариатҳои ҷаҳон" дар театри тоҷик, рӯзи 8-уми январ 105-сола шуд. Ҳарчанд падараш қозиқалони Бухоро буд, аммо барои иҷрои нақши Владимир Ленин ба вай унвони ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ тақдим шудааст. Вай аз соли 1933 то охири умраш дар соли 1997 дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кард.

Аз Аслӣ Бурҳонов ҳунармандони театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ҳоло низ танҳо ба унвони "муаллим Бурҳонов" ном мебаранд. Аммо насли собиқадори театр Аслӣ Бурҳоновро дар ғайбаш "писари қозикалон" меномиданд. Воқеан ҳам, Аслӣ Бурҳонов фарзанди қозикалони Бухоро ва бо нависандаи маъруфи тоҷик устод Ҷалол Икромӣ писарамак буд. Вай 8-уми январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Солҳои 1931-1933 вай дар театрҳои Бухоро ва Ғиждувон фаъолият намуда, аз соли 1933 то поёни умр дар Театри ба номи Лоҳутӣ нақш офаридааст.

Ба эътиқоди фарҳангшиносони тоҷик, Аслӣ Бурҳонов мисли бисёр шоҳсутунҳои театри тоҷик чун гули худрӯй дар боғи мактаби эҷодии театр парвариш ёфта, маҳз бо шавқу меҳри бепоён, ҷаҳду талош, садоқату сарсупурдагӣ ва заҳмату ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ба куллаҳои баланди маҳорату истеъдод расидааст.

Ҷонибек Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бештаре аз мардум бар ин назаранд, ки Аслӣ Бурҳонов маҳз ба хотири иҷрои нақши Владимир Ленин соҳиби эҳтиром ва унвонҳои баланд дар арсаи санъати театрӣ шудааст.

Аммо, вай бо чунин назар мувофиқ нест ва мегӯяд, "Аслӣ Бурҳонов қабл аз ҳама ба хотири инсони комил буданаш ва тарбияи олӣ доштанаш соҳиби эҳтиром ва унвонҳо шуда буд. Воқеан вай писари қозикалони аморати Бухоро буд, аммо ба зудӣ дарк кард, ки ба хотири хидмат ба мардум воқеиятҳои нави замонро бояд қабул кард. Дар акси ҳол, вай наметавонист ҳунару истеъдоди худро ба ҳамватанонаш намоиш диҳад. Аслӣ Бурҳонов дар ин ҷода танҳо набуд ва мисли вай дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорҳо донишмандону ҳунармандон ва адибон ин роҳ рӯй оварда буданд".

Соҳибназарон мегӯянд, дар фаъолияти ҳунарии Аслӣ Бурҳонов шахсияти наҷиб ва ҳисси худшиносии инсон мавқеи муайян дошта, дар кушодани олами маънавии ходимони бузурги адабиёт равшан зоҳир гаштааст. Ба эътиқоди онҳо, иҷрои нақши Навоӣ (дар намоишномаи "Алишери Навоӣ") ва Рӯдакӣ дар намоишномаи ("Рӯдакӣ") метавонад мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо бошанд.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар тӯли солҳои фаъолияташ якҷо бо Аслӣ Бурҳонов нақшҳои зиёдеро офаридааст, мегӯяд, "ҳарчанд бисёриҳо ӯро иҷрокунандаи нақши Ленин медонанд, аммо вай беҳтарин ҳунарманди тоҷик аст, ки нақши Шоҳ Лирро иҷро кардааст. Ба гуфтаи хонум Ғуломова, вақти иҷрои ин нақш Аслӣ Бурҳонов ҳамчунон вориди ҷаҳони қаҳрамонаш мешуд, ки ҳатто баъд аз поёни намоишнома берун оварданаш ба душворӣ сурат мегирифт.

Ин ҳунарманди тоҷик аз ҳодисае ёдоварӣ кард, ки зимни сафари ҳунарӣ дар театри шаҳри Бухоро рух додааст: "Мо ба сокинони Бухоро намоишномаи "Рӯдакӣ"-ро пешниҳод кардем. Аслӣ Бурҳонов нақши Рӯдакӣ ва ман нақши Нигинаро иҷро мекардем. Дар вақти намоишнома Аслӣ Бурҳонов матни суханонро фаромӯш кард. Маъмулан дар театри Лоҳутӣ ёварон (суфлёр) ба ҳунармандон дар ин ҳолатҳо кӯмак мекард. Аммо дар сафар ба Бухоро чунин ёвар набуд. Бо ин вуҷуд, Аслӣ Бурҳонов бо муроҷиатҳои пайдарпай ба ман дар саҳна худро аз даст надод ва намоишнома ба хубӣ анҷом ёфт. Дар ин ҳодиса ман бори дигар бузургии ҳунари Аслӣ Бурҳоновро мушоҳида кардам".

Аз Аслӣ Бурҳонов нақшҳои бисёре дар синамои тоҷик ба мисли Пӯлод Усмонов ("Дар заставаи дур"), Мухтор-ака ("Ман бо духтаре вохӯрдам"), Карим-ака ("Писар бояд зан гирад"), Раҳимбек ("Застава дар кӯҳистон"), Ҳоҷиёров ("Одам пӯсташро иваз мекунад"), Абдуллохоҷа ("Дохунда"), Амир Нӯҳи Сомонӣ ("Абуалӣ Сино"), Ясавулбошӣ ("Субҳи Ганг") ба мерос мондаанд.

Фарзанди ҳунарманди ӯ Музаффар Бурҳонов яке аз чеҳраҳои маъруфи балети тоҷик аст, ки ҳамроҳи Малика Собирова дар бузургтарин саҳнаҳои ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд. Ба Аслӣ Бурҳонов соли 1965 унвони Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ тақдим карда шуд. Вай 29-уми декабри соли 1997 дар синни 82-солагӣ вафот кард ва маросими ҷанозааш ба далели идомаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар саҳни ҳавлиааш хоксорона баргузор шуд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG