Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) омодагиро ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад, шуруъ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар, ки дар Душанбе то 27-уми январ идома меёбад, сармураббии даста Мубин Эргашев 24 бозигар – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19):

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Шоҳрух Сангов, Маҳмуд Пиров, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Маҳмадзарифи Абдураҳим («Барқчӣ»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Шерзод Дадабоев («Барқчӣ»), Абдулмуъмин Забиров, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Файзиддин Назаров («Барқчӣ»).

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 тавассути қуръакашӣ, ки дертар доир мегардад, маълум мешаванд.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад, 16 дастаи мунтахаб - Узбекистон (мизбон), Ироқ, Қатар, Тоҷикистон, Эрон, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Малайзия, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Индонезия, Лаос, Ветнам, Яман, Камбоҷа – иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” авоили моҳи октябри имсол дар Душанбе доир гардид. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар ҳарсе бозӣ бар дастаҳои Ҷазираҳои Молдив (9:0), Лубнон (1:0) ва Сурия (1:0) ғолиб омад, бо 9 имтиёз дар ин гурӯҳ мақоми аввалро касб намуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

XS
SM
MD
LG