Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи Душанбе ғолиби аввалин мусобиқаи футзал миёни духтарон шуд


Аввалин мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба соли футзал дар Тоҷикистон доир гардид, бо пирӯзии дастаи Душанбе ба поён расид.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор шуд, чаҳор дастаи мунтахаби минтақавӣ - Душанбе, Хатлон, Хатлон-2 ва ШНТМ (Шаҳру навоҳии тобеи марказ) – ширкат дошт.

Дастаи Душанбе, ки бо раҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуда, бо медалҳои тилло сарфароз гашт. Дастаи ШНТМ (Шаҳру навоҳии тобеи марказ), ки бо 6 имтиёз ҷойи дувумро ишғол кард, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Медалҳои биринҷӣ барои ҷойи севум ба дастаи Хатлон, ки 3 имтиёз гирифт, тақдим гардид.

Натоиҷи бозиҳо:

Даври 1-ум

Душанбе – Хатлон-2 – 4:3

Хатлон – ШНТМ – 3:4

Даври 2-юм

Хатлон-2 – Хатлон – 1:5

Душанбе – ШНТМ – 8:2

Даври 3-юм

ШНТМ – Хатлон-2 – 4:1

Хатлон – Душанбе – 0:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Душанбе

3

3

0

0

14-5

9

2

ШНТМ

3

2

0

1

9-11

6

3

Хатлон

3

1

0

2

7-6

3

4

Хатлон-2

3

0

0

3

5-13

0

Ба иттилои Комрон Шодиев, раҳбари департаменти футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷагирии ин мусобиқа номзадҳо ба дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020, ки аз 24-ум то 29-уми январ дар Душанбе барпо мегардад, интихоб карда мешаванд.

Дар ин мусобиқаи минтақавӣ дастаҳои мунтахаби духтарони то 19-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2020 бо раҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев иштирок хоҳад кард.

Ҳамаи 15 бозӣ дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор мешавад.

Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, Душанбе, 24-29-уми январ

Даври 1-ум

24 январ (ҷумъа)

Эрон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Афғонистон

Узбекистон – Туркманистон

Даври 2-юм

25 январ (шанбе)

Тоҷикистон – Туркманистон

Узбекистон – Қирғизистон

Эрон – Афғонистон

Даври 3-юм

26 январ (якшанбе)

Туркманистон – Эрон

Афғонистон – Узбекистон

Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 4-ум

28 январ (сешанбе)

Қирғизистон – Туркманистон

Афғонистон – Тоҷикистон

Узбекистон – Эрон

Даври 5-ум

29 январ (чоршанбе)

Туркманистон – Афғонистон

Эрон – Қирғизистон

Тоҷикистон – Узбекистон

XS
SM
MD
LG