Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Русия дар Олимпиадаи зимистонаи наврасон дар Лозанна


Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозаннаи Швейтсария баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот дастаи мунтахаби Русия бо касби 17 медал (5 нишони тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба ҷойи аввал баромад.

Дастаи мунтахаби омехта, ки аз варзишгарони кишварҳои мухталиф таркиб ёфтааст, бо касби 15 медал (5 нишони тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба ҷойи дувум фуромад.

Мунтахаби Швейтсария бо касби 12 медал (4 нишони тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол кардааст.

То ҳоло варзишгарони навраси 23 кишвар медал гирифтаанд. Ба ҷуз аз варзишгарони Русия, дастаи мунтахаби омехта ва Швейтсария боз намояндагони 12 кишвар – Ҷопон, Шведсия, Италия, Фаронса, Австрия, Норвегия, Нидерланд, Чин, Испания, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Полша - бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.

Ба ғайр аз варзишгарони Русия, дар ин Бозиҳо боз намояндагони ду кишвари собиқи шӯравӣ Беларус ва Гурҷистон яктоӣ медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ширкат надорад. Аз Қазоқистон 25 варзишгар, аз Қирғизистон 2 варзишгар, аз Туркманистон ва Узбекистон якнафарӣ ба Олимпиадаи зимистона роҳхат гирифтаанд. Вале то ҳоло аз ин кишварҳо касе медал ба даст наовардааст.

Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна бо ширкати беш аз 1800 варзишгари наврас аз 79 кишвар оид ба 16 намуди варзиш (биатлон, бобслей, ҳоккейи рӯи ях, лижатозӣ, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, скелетон, шорт-трек ва ғайра) то 22-юми январ идома хоҳанд кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG