Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассиси гурҷӣ сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон шуд


Мутахассиси 44-солаи гурҷӣ Александр Дзабирадзе сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Дзабирадзе дар ин вазифа мутахассиси сербиягӣ Деян Дедовичро, ки мӯҳлати шартномааш бо ФФТ хотима ёфтааст, иваз намуд. Дедович фаъолияти мураббигиашро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ идома хоҳад дод.

Александр Дзабирадзе дар гузашта ба ҳайси бозигар дар бошгоҳҳои футзали «Полигран» (Маскав), «Спартак» (Маскав), «АММК» (Боку), «Ораз» (Боку), «Ансар» (Алматӣ), «Иберия Стар» (Тифлис) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби миллии футзали Гурҷистон 65 бозӣ анҷом додааст.

Дзабирадзе аз соли 2016 сармураббии дастаи «TMC» (Тифлис) буд, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА оид ба футзал муваффақ шудааст.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббии нави даста Александр Дзабирадзе омодагиро ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод доир мегардад, шуруъ кард.

Давраи аввали ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Душанбе то рӯзи 27-уми январ идома меёбад. Легионерҳо – Фирӯз Бекмуродов, Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарсе аз «Фарватер»), Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев (ҳарду аз «Спартак», Бишкек), ки дар Суперлигаи Қирғизистон бозӣ мекунанд, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дертар мепайванданд.

Баъди анҷоми ҷамъомади аввал дар Душанбе дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Тайланд сафар мекунад ва дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020»), ки аз 2-юм то 8-уми феврал дар шаҳри Ҳатйай баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба ҷуз аз мунтахаби Тоҷикистон, дар ин мусобиқа боз панҷ тими миллӣ – Кувайт, Малайзия, Тайланд, Туркманистон ва Эрон - ширкат меварзанд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ дудастаӣ ба плей-офф роҳ пайдо карда, дар бозиҳои ниманиҳоӣ рақобат менамоянд, баъдан бозӣ барои ҷойи севум ва финал доир мегарданд.

Баъд аз анҷоми мусобиқа дар Тайланд мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар менамояд ва дар шаҳри Даммом ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Мунтахаби Тоҷикистон 12-уми феврал бо мунтахаби Арабистони Саудӣ ва 13-уми феврал бо мунтахаби Кувайт бозӣ мекунад.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

Ҳусейн Шодиев, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мақсади мо дар қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод ба даври чорякфиналӣ баромадан ва баъдан роҳ ёфтан ба қаҳрамонии ҷаҳон-2020 мебошад".

Бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи “А” Туркманистон, Тоҷикистон, Ветнам ва Умон, ба гурӯҳи «B» Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон ва Кувайт, ба гурӯҳи «C» Узбекистон, Баҳрайн, Чин ва Индонезия, ба гурӯҳи «D» Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ дохиланд.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба чорякфинал мебароянд. Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

XS
SM
MD
LG