Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии "Истиқлол" ба бозӣ бо "Локомотив" дар Тошканд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои бозии даври дувуми марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бо «Локомотив»-и Тошканд, 19-уми январ ба пойтахти Узбекистон омад.

Бозии «Локомотив», ноиби қаҳрамони Узбекистон, бо «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 21-уми январ дар варзишгоҳи “Локомотив”-и Тошканд баргузор мешавад. Ин бозиро, ки соати 15:00 оғоз меёбад, гурӯҳи ҳакамон аз Лубнон бо сарварии Ҳусейн Абу Яҳё доварӣ мекунанд.

Ҳайати бошгоҳи футболи «Истиқлол», ки ба он 18 футболбоз шомил аст, дар меҳмонхонаи «София» ба сар мебарад. Аввалин тамрини даста бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти Узбекистон доир гардид. Имрӯз, 20-уми январ, футболбозони тоҷик дар варзишгоҳи «Локомотив» тамрин мекунанд.

Дар мавриди пирӯзӣ бар «Локомотив» қаҳрамони Тоҷикистон дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 рӯзи 28-уми январ дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ» аз Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ пайдо кардан талош меварзад.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ пайдо кунад, онгоҳ ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 иштирок хоҳад кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2020

Минтақаи ғарбӣ

Марҳилаи дувуми пешакӣ

21-уми январ (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Локомотив» (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Сардовар: Ҳусейн Абу Яҳё (Лубнон).

Кӯмакдоварон: Самир Бадр, Рабӣ Умайрат (ҳарду аз Лубнон).

Довари эҳтиётӣ: Алӣ Ризо (Лубнон).

Нозири доварон: Аҳмад Яъқуб Муҳаммад Ҷумъа (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

Комиссари бозӣ: Асеп Сапутра (Индонезия).

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

XS
SM
MD
LG