Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардерҳо баробар бо 60 дарсади аҳолии ҷаҳон сарват доранд


Муассисаи Оксфам (Oxfam) дар як гузориши нав доир ба вазъи молии сарватмандони ҷаҳон навиштааст, ки ду ҳазору 153 миллиардери ҷаҳон дар маҷмӯъ баробари ҳамаи дороии 4,4 миллиард нафар (60 дарсади аҳолии ҷаҳон), сарват доранд. Ин гузориш ҳар сол таҳия мегардад ва ҳамчун беҳтарин манбаи иттилоот оид ба сарвати ҷаҳонӣ эътироф карда мешавад.

Муассисаи Оксфам, ки дар соли 1947 бо ҳадафи кӯмак ба решакан намудани фақр, беадолатӣ ва гуруснагӣ таъсис шудааст, дар ин гузориш, ки рӯзи душанбеи 20-уми январ дар сайти расмии худ нашр кардааст, мегӯяд, шумораи миллиардерҳои ҷаҳон тайи як даҳаи гузашта ду баробар шуда ва нобаробарии иқтисодӣ дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст ва кам ҳукуматҳое ҳастанд, ки барои кам кардани фосила байни сарватмандон ва фақирони ҷомеа мутааҳҳид мебошанд.

Ин гузориш нишон медиҳад, ки чигуна ҳатто кишварҳои пешрафта бо "бӯҳрон"-и нобаробарии молӣ рӯбарӯ ҳастанд ва сарватмандони ҷомеа бо истифода аз қувва ва нерӯи мардуми оддӣ, ба хусус занон, ба суръат сарвати худро афзоиш медиҳанд.

Ин гузориш меафзояд, 22 сарватманди ҷаҳон ба андозаи ҳама занони Африқо сарват доранд. Бар пояи ин гузориш, соли гузашта занон ва духтарон 12,5 миллиард соат кори бемузд кардаанд, ки арзиши иқтисодии он 10,8 триллион доллар аст.

Бар пояи ин гузориш, сарвати аз се ду ҳиссаи миллардерҳо бо ошнобозӣ, мерос ва монополия ба даст меояд. Ин гузориш мегӯяд, ки миллиардерҳо аз ҳама бештар дар Амрикои шимолӣ (42 дарсад), Аврупо (29 дарсад), минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором 16 дарсад (аз ҷумла 10 дарсад аз Чин), зиндагӣ мекунанд.

Муассисаи Оксфом дар остонаи нишасти Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод маъруф ба Нишасти Давос дар Швейтсария ин гузоришро нашр карда ва ҳушдор додааст, ки як дарсад сарватмандтарин мардум, баробари 4,9 миллиард аҳолии ҷаҳон сарват ва дороӣ доранд, ки агар танҳо 0,5 дарсад андоз бар сарвати ин афрод барои як даҳа афзоиш дода шавад, манбаъҳои молӣ барои таъсиси 117 миллион ҷойи кории нав барои бекорон фароҳам мешавад.

Иҷлоси иқтисодии Давос имрӯз, 21-уми январ оғоз шуда, то рӯзи ҷумъа идома мекунад. Дар он сиёсатмадорон ва ҳамчунин фаъолони саршинос ширкат мекунанд. Интизор меравад, ки Доналд Трамп дар ин ҳамоиш иштирок ва суханронӣ кунад. Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф иштироки худ дар ин ҳамоишро лағв кардааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG