Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар Тошканд "Локомотив"-ро шикаст дод


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии марҳилаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бар тими мизбон - «Локомотив»-и Тошканд -бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозии «Локомотив», ноиби қаҳрамони Узбекистон, бо «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми январ, дар варзишгоҳи “Локомотив”-и Тошканд доир гардид.

Дар ин бозӣ ҳарчанд мизбонон барои голзанӣ имконияти бештар доштанд, вале корашон барор нагирифт. Меҳмонон, ки аслан ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекарданд, дар нимаи дувуми бозӣ муваффақ шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 60-уми дидор капитан ё сартими “Истиқлол” Алишер Ҷалилов ба самар расонид. Ӯ тӯбро аз масофаи дур, тахминан 25 метр, бо зарбаи сахту нишонрас ба дарвозаи мизбонон ворид намуд.

Ин бозиро гурӯҳи ҳакамон аз Лубнон бо сарварии Ҳусейн Абу Яҳё доварӣ карданд. Бояд гуфт, ки даҳҳо мухлис аз Душанбе ва вилояти Суғд барои тамошои ин бозӣ ва дастгирии “Истиқлол” ба Тошканд рафтанд ва аз пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон хеле хушҳол шуданд.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, баъди анҷоми бозӣ муқобили “Локомотив” гуфт, “бозӣ хеле ҷолиб буд ва то дақиқаҳои охир пуршиддат гузашт. Хеле хушҳолам, ки ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардем. «Локомотив» дастаи пурқувват аст, вале бозии худро нишон дода натавонист. Мо кӯшиш мекунем, ки баъди як ҳафта бар тими «Ал-Аҳлӣ» низ пирӯз шавем. Ба ин бозӣ хуб омодагӣ мегирем.”

Ба ин тартиб, «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 рӯзи 28-уми январ дар меҳмонӣ бо бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ" аз Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ пайдо кардан талош меварзад.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ пайдо кунад, онгоҳ ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 иштирок хоҳад кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2020

Минтақаи ғарбӣ

Марҳилаи муқаддамотӣ

21-уми январ (сешанбе)

«Локомотив» (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 60

«Локомотив» (Тошканд, Узбекистон): Игнатий Нестеров, Славко Дамянович, Давронбек Умиров, Кахи Махарадзе, Кирилл Погребняк (Темурхуҷа Абдухолиқов, 61), Марат Бикмаев, Сардор Мирзоев, Даврон Ҳошимов, Олег Зотеев, Диёр Турапов (Абдул Азиз Юсупов, 80), Фарруҳ Иброҳимов.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 78), Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Виктор Свежов, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Эҳсони Панҷшанбе, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳӣ: Даврон Ҳошимов («Локомотив»), Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Ҳусейн Абу Яҳё (Лубнон).

Комиссари бозӣ: Оя Такеюки (Ҷопон).

21-уми январ. Тошканд. Варзишгоҳи «Локомотив». 4256 тамошобин.

Плей-офф
28-уми январ (сешанбе)

«Ал-Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ҷои зикр аст, ки дастаи “Истиқлол” соли гузашта дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум шуда буд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG