Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд" аз Исроил 4 гол хӯрд


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020” дар Мински Беларус аз мунтахаби наврасони Исроил бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи мунтахаби наврасони Гурҷистон бар мунтахаби Исландия бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври сеюм 23-юми январ бо мунтахаби Гурҷистон рӯбарӯ мешавад. Бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Бояд гуфт, ки дар «Ҷоми рушд-2020» ҳашт даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо барои ҷойи сеюм рақобат хоҳанд кард. Ҳамчунин, бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум доир мегарданд.

Мусобиқаи байналмилалии наврасон «Ҷоми рушд-2020»

Гурӯҳи «А»: Беларус, Белгия, Финляндия, Узбекистон.
Гурӯҳи «В»: Исроил, Гурҷистон, Исландия, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Исландия (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 1:2

Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1

Даври 2-юм

Исроил (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 4:0

Гурҷистон (U-17) – Исландия (U-17) – 1:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Исроил (U-17)

2

1

1

0

5-1

4

2

Гурҷистон (U-17)

2

1

1

0

2-1

4

3

Тоҷикистон (U-16)

2

1

0

1

2-5

3

4

Исландия (U-17)

2

0

0

2

1-3

0

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Белгия (U-17) – Финляндия (U-17) – 2:1

Беларус (U-17) – Узбекистон (U-16) – 4:1

Даври 2-юм

Белгия (U-17) – Узбекистон (U-17) – 2:1

Финляндия (U-17) – Беларус (U-17) – 1:2

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Беларус (U-17)

2

2

0

0

6-2

6

2

Белгия (U-17)

2

2

0

0

4-2

6

3

Финляндия (U-17)

2

0

0

2

2-4

0

4

Узбекистон (U-16)

2

0

0

2

2-6

0

Тақвими бозиҳо:

Даври 3-юм

23-юми январ (панҷшанбе)

14:00 – Тоҷикистон – Гурҷистон
16:10 – Исландия – Исроил
18:20 – Узбекистон – Финляндия
20:30 – Беларус – Белгия

25-уми январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

12:00 – 4 «А» – 4 «В»

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

14:15 – 3 «А» – 3 «В»

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

16:30 – 2 «А» – 2 «В»

Финал

18:45 – 1 «А» – 1 «В»


Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG