Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 8 паҳлавони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Тел-Авив


Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Tel Aviv Grand Prix 2020), ки рӯзҳои 23-25-уми январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тел-Авив иштироки 548 гуштигир (315 мард ва 233 зан) аз 83 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар – Давлаталӣ Назаралиев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни +100 кг) – дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.

Имрӯз, 23-юми январ, қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон, -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Аз миёни варзишгарони тоҷик Давлаталӣ Назаралиев аввалин шуда ба рақобат мепардозад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Дар даври дувум бо Гусман Қирғизбоев аз Қазоқистон қувваозмоӣ мекунад.

Рӯзи 24-уми январ гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон, -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Се паҳлавони тоҷик барои дарёфти ҷоизаҳо талош меварзанд. Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар даври аввал озоданд. Дар даври дувум Сомон бо ғолиби ҷуфти Александру Раику (Руминия)/ Гилберто Кардосо (Мексика) ва Беҳрӯз бо ғолиби ҷуфти Марк Ҳристов (Булғористон)/Евгений Прокопчук (Русия) рақобат хоҳанд кард. Акмал Муродов бошад, дар даври аввал бо Кристиан Тонисте аз Эстония вориди рақобат мешавад.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 25-уми январ - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон, -78 кг, +78 кг миёни занон доир мегардад. Чаҳор паҳлавони тоҷик ба рақобат мепардозанд. Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов дар даври аввал озоданд. Дар даври дувум Комроншоҳ бо ғолиби ҷуфти Надав Зурат (Исроил)/Пётр Кужера (Полша) ва Темур Раҳимов бо Мбагник Ндияе (Сенегал) қувва меозмоянд. Рақиби Саидҷалол Саидов дар даври аввал Левис Медина аз Доминикан ва рақиби Шакармамад Мирмамадов Бегболот Токтогонов аз Қирғизистон мебошанд.

Бояд гуфт, ки Гран-прии Тел-Авив нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2020 мебошад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дувум 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазордолларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш).

Ҳамчунин, ширкаткунандагони Гран-прии Тел-Авив соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Зимнан, дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Сомон Маҳмадбеков дар ҷойи 13-ум, Беҳрӯзи Хоҷазода дар ҷойи 19-ум, Комроншоҳи Устопириён дар ҷойи 22-юм, Темур Раҳимов дар ҷойи 22-юм, Акмал Муродов дар ҷойи 48-ум, Шакармамад Мирмамадов дар ҷойи 49-ум, Саидҷалол Саидов дар ҷойи 69-ум ва Давлаталӣ Назаралиев дар ҷойи 214-ум қарор доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG