Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин қаҳрамонии CAFA оид ба футзал миёни духтарон дар Душанбе


Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки имрӯз, 24-уми январ, дар шаҳри Душанбе шуруъ мешавад, то рӯзи 29-уми январ идома хоҳад кард. Шаш даста барои унвони зӯртарин дастаи минтақа мубориза мебарад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон баргузор мешавад. Ҳамаи 15 бозӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон доир мегардад.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Дастаи мунтахаби духтарони то 19-солаи Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал бо раҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев иштирок мекунад.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Конгресси CAFA, ки 24-уми апрели соли гузашта дар Душанбе доир гардид, ба вазифаи президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

Даври 1-ум

24 январ (ҷумъа)

12:00 Эрон – Тоҷикистон

15:00 Қирғизистон – Афғонистон

18:00 Узбекистон – Туркманистон

Даври 2-юм

25 январ (шанбе)

12:00 Тоҷикистон – Туркманистон

15:00 Узбекистон – Қирғизистон

18:00 Эрон – Афғонистон

Даври 3-юм

26 январ (якшанбе)

12:00 Туркманистон – Эрон

15:00 Афғонистон – Узбекистон

18:00 Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 4-ум

28 январ (сешанбе)

12:00 Қирғизистон – Туркманистон

15:00 Афғонистон – Тоҷикистон

18:00 Узбекистон – Эрон

Даври 5-ум

29 январ (чоршанбе)

12:00 Туркманистон – Афғонистон

15:00 Эрон – Қирғизистон

18:00 Тоҷикистон – Узбекистон

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG