Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳарсе бозиаш дар қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, аз тимҳои Эрон (0:15), Туркманистон (2:3) ва Қирғизистон (0:2) шикаст хӯрд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, то рӯзи 29-уми январ идома меёбад.

Дастаи мунтахаби духтарони то 19-солаи Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал бо раҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев иштирок дорад.

Тими мунтахаби Эрон, ки дар ҳарсе дидор бар дастаҳои Тоҷикистон (15:0), Афғонистон (16:1) ва Туркманистон (12:0) пирӯз шудааст, бо касби 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад.

Мунтахаби Узбекистон низ дар ҳарсе бозиаш бар тимҳои Туркманистон (4:1), Қирғизистон (7:4) ва Афғонистон (3:0) ғолиб омадааст ва бо касби 9 имтиёз ҷойи дувумро ишғол мекунад.

Мунтахаби Қирғизистон бо касби 6 имтиёз мақоми севумро соҳиб шудааст. Мунтахаби Туркманистон бо касби 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Дастаҳои Тоҷикистону Афғонистон бидуни имтиёз дар зинаҳои панҷуму шашум ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқа рӯзи сешанбеи 28-уми январ баргузор мешаванд. Бозии асосии даври навбатӣ миёни ду дастаи пешсаф – Эрон ва Узбекистон – доир мегардад.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Конгресси CAFA, ки 24-уми апрели соли гузашта дар Душанбе доир гардид, ба вазифаи президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

Даври 1-ум

Эрон – Тоҷикистон – 15:0

Қирғизистон – Афғонистон – 3:0

Узбекистон – Туркманистон – 4:1

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 2:3

Эрон – Афғонистон – 16:1

Узбекистон – Қирғизистон – 7:4

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:2

Туркманистон – Эрон – 0:12

Афғонистон – Узбекистон – 0:3

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

3

0

0

43-1

9

2

Узбекистон

3

3

0

0

14-5

9

3

Қирғизистон

3

2

0

1

9-7

6

4

Туркманистон

3

1

0

2

4-18

3

5

Тоҷикистон

3

0

0

3

2-20

0

6

Афғонистон

3

0

0

3

1-22

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 4-ум

28-уми январ (сешанбе)

12:00 – Қирғизистон – Туркманистон

15:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

18:00 – Узбекистон – Эрон

Даври 5-ум

29-уми январ (чоршанбе)

12:00 – Туркманистон – Афғонистон

15:00 – Тоҷикистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – Қирғизистон

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG