Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ қаҳрамони футболи Осиё шуд


Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ (U-23), ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Арабистони Саудӣ (U-23) дар замони изофа бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, қаҳрамони футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола гардид.

Бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 26-уми январ дар Тайланд баргузор шуд. Замони асосии дидор бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Голи дар замони изофа (дақиқаи 113-ум) задаи Ҷионг-Тае Вук ба кореягиҳо пирӯзӣ овард.

Як рӯз пеш аз финал - 25-уми январ - бозӣ барои ҷойи севум миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Узбекистон баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи австралиягиҳо ба поён расид. Голи ягонаро Николас Д'Aгостино дар дақиқаи 47-ум ба самар расонид.

Бояд гуфт, ки ҷоизадорони қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) дар Тайланд - Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ ва Австралия ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мушарраф шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F", ки моҳи марти соли гузашта дар Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб доир гардид, аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ бенасиб монд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозии дувумашро бо дастаи мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “F” ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард.

Қаҳрамонии футболи Осиё (U-23)

1/4 финал

18-уми январ (шанбе)
Арабистони Саудӣ - Тайланд - 1:0
Австралия - Сурия - 1:0

19-уми январ (якшанбе)
Узбекистон - Иморот - 5:1
Кореяи Ҷанубӣ - Урдун - 2:1

Нимфинал

22-юми январ (чоршанбе)

Арабистони Саудӣ – Узбекистон – 1:0
Кореяи Ҷанубӣ – Австралия – 2:0

Бозӣ барои ҷойи севум

25-уми январ (шанбе)

Австралия – Узбекистон – 1:0

Финал

26-уми январ (якшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ – 1:0

XS
SM
MD
LG