Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи қаҳрамонҳои AFC: "Истиқлол" дар Ҷидда бо "Ал-Аҳлӣ" бозӣ мекунад


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 28-уми январ, дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бо бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ" аз Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ пайдо кардан талош меварзад. Бозӣ дар шаҳри Ҷидда, дар варзишгоҳи «King Abdullah Sports City», соати 22:30 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, дар арафаи бозӣ муқобили “Ал-Аҳлӣ” дар як нишасти хабарӣ гуфт, «Ал-Аҳлӣ» дастаи пурқувват аст. Рақибамон дар ҳамин ҳол дар қаҳрамонии Арабистони Саудӣ дар гурӯҳи пешсафон ҷойгир шудааст. Бошгоҳ як зумра легионерҳои пурзӯр дорад, ки аз он ҷумла дар Аврупо бозӣ мекунанд. Барои мо танҳо як қадами вазнин мондааст. Мо сахт мубориза мебарем

Ин бозиро гурӯҳи ҳакамон аз Тайланд бо сарварии ҳаками ФИФА Сивакорн Пудом доварӣ мекунанд. Комиссари бозӣ Гованд Абдулхолиқ Масъуд (Ироқ) ва нозири доварон Вишва Натан Кришнан (Сингапур) таъйин шудаанд.

«Ал-Аҳлӣ» бошгоҳи футболи шаҳри Ҷидда, ки дар Премйер-лигаи Арабистон Саудӣ бозӣ мекунад, соли 1937 таъсис ёфтааст. Варзишгоҳи «King Abdullah Sports City» («Шоҳ Абдулло Спорт Сити»), ки дар он «Ал-Аҳлӣ» бозиҳояшро баргузор мекунад, дорои 62000 ҷойгоҳ барои тамошогарон аст. Дар тамоми таърихи худ ин бошгоҳ се бор қаҳрамони Арабистони Саудӣ, инчунин ду бор финалисти Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шудааст.

Бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ» бо раҳбарии сармураббӣ Кристиан Гросс (Швейтсария) ҳоло дар қаҳрамонии Арабистони Саудӣ баъди натиҷагирии 14 даври мусобиқа дар ҷойи севум қарор дорад.

Дар ҳайати бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ» легионерҳои маъруф - ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2010 дар ҳайати мунтахаби Олмон Марко Марин, бразилиягиҳо Лукас Лима ва Соуза, Юсуф Белайлии алҷазоирӣ, Элвис Саричи босниягӣ ва дигарон бозӣ мекунанд.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ пайдо кунад, онгоҳ ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 иштирок хоҳад кард.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020

Плей-офф

28-уми январ (сешанбе)

«Ал-Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Оғози бозӣ соати 22:30

Сардовар: Сивакорн Пудом (Тайланд)

Ҷидда, варзишгоҳи «King Abdullah Sports City»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG