Дастаи мунтахаби Эрон баъди чаҳор пирӯзӣ бо касби 12 имтиёз дар қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, пешакӣ ғолиб шуд.
Тими мунтахаби Эрон, ки пас аз се пирӯзӣ бар дастаҳои Тоҷикистон (15:0), Афғонистон (16:1) ва Туркманистон (12:0), дар даври чаҳорум рӯзи 28-уми январ мунтахаби Узбекистонро бо ҳисоби 7:1 шикаст дод, бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор гирифт.
Мунтахаби Узбекистон, ки дар се бозии пешин бар тимҳои Туркманистон (4:1), Қирғизистон (7:4) ва Афғонистон (3:0) ғолиб омада буд, бо касби 9 имтиёз ҷойи дувумро ишғол мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди се бохти пайиҳам дар қаҳрамонии CAFA аз тимҳои Эрон (0:15), Туркманистон (2:3) ва Қирғизистон (0:2), дар даври чаҳорум бозиро бо мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дод.
Дар бозии дигари даври чаҳорум мунтахаби Туркманистон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дастаҳои Туркманистон ва Қирғизистон бо касби 6-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чаҳорумро соҳиб шудаанд. Дастаҳои Тоҷикистону Афғонистон бо якимтиёзӣ дар зинаҳои панҷуму шашум ҷойгир шудаанд.
Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон, ки дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор шудааст, имрӯз, 29-уми январ, бо бозиҳои даври панҷум ба поён мерасад.
Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола
Даври 1-ум
Эрон – Тоҷикистон – 15:0
Қирғизистон – Афғонистон – 3:0
Узбекистон – Туркманистон – 4:1
Даври 2-юм
Тоҷикистон – Туркманистон – 2:3
Эрон – Афғонистон – 16:1
Узбекистон – Қирғизистон – 7:4
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:2
Туркманистон – Эрон – 0:12
Афғонистон – Узбекистон – 0:3
Даври 4-ум
Қирғизистон – Туркманистон – 1:2
Афғонистон – Тоҷикистон – 3:3
Узбекистон – Эрон – 1:7
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Эрон |
4 |
4 |
0 |
0 |
50-2 |
12 |
2 |
Узбекистон |
4 |
3 |
0 |
1 |
15-12 |
9 |
3 |
Туркманистон |
4 |
2 |
0 |
2 |
6-19 |
6 |
4 |
Қирғизистон |
4 |
2 |
0 |
2 |
10-9 |
6 |
5 |
Тоҷикистон |
4 |
0 |
1 |
3 |
5-23 |
1 |
6 |
Афғонистон |
4 |
0 |
1 |
3 |
4-25 |
1 |
Даври 5-ум
29-уми январ (чоршанбе)
12:00 – Туркманистон – Афғонистон
15:00 – Тоҷикистон – Узбекистон
18:00 – Эрон – Қирғизистон