Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ дар Анталия


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии санҷишӣ аз бошгоҳи «Виборг»-и Дания бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуд.

Бозии дувуми санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) муқобили «Виборг»-и Дания дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия рӯзи шанбе, 15-уми феврал, доир гардид.

Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия 12-уми феврал аввалин бозии санҷиширо муқобили мунтахаби ҷавонони Гурҷистон (U-19) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода буданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби ҷавонони кишвар дар Анталия боз ду бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Ҷавонони тоҷик рӯзи чоршанбе, 19-уми феврал, бо дастаи «КФУМ» аз Дания ва рӯзи шанбе, 22-юми феврал, бо тими «Рапперсвил» аз Швейтсария рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад.

Бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Анталия

Тоҷикистон (U-19) – Гурҷистон (U-19) – 0:0

12-уми феврал. Анталия, Туркия.

Тоҷикистон (U-19) – «Виборг» (U-19, Дания) – 0:4

12-уми феврал. Анталия, Туркия.

19-уми феврал (чоршанбе)

Тоҷикистон (U-19) – «КФУМ» (U-19, Дания)

22-юми феврал (шанбе)

Тоҷикистон (U-19) – «Рапперсвил» (U-19, Швейтсария)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG