Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбарони оппозитсия ва норозиҳо аз натиҷаҳои интихобот дар Озарбойҷон


Шаҳри Боку, 16-уми феврали 2020.

Пулиси Озарбойҷон се тан аз раҳбарони мухолифини ҳукумати ин кишвар ва беш аз 100 фаъоли сиёсиро дар остонаи эътирозҳо дар Боку боздошт кард. Ин эътирозҳо алайҳи натиҷаҳои интихоботи порлумонии ҳафтаи гузаштаи ин кишвар роҳандозӣ шуда буд. Интихоботе, ки нозирони байналмилалӣ аз он интиқод кардаанд. Бисёре аз боздоштшудаҳо дар поёни рӯзи якшанбеи 16-уми феврал раҳо шуданд.

Бар пояи натиҷаҳои эъломшуда аз тарафи Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон, дар интихоботи ҳафтаи гузашта ҳизби ҳокими "Озарбойҷони навин" аз 125 курсии порлумон, 72 курсиро аз они худ кард. Курсиҳои боқимонда низ насиби аҳзоби хурд ва номзадҳои мустақили вафодор ба Илҳом Алиев, президенти кунунии Озарбойҷон, шуданд.

Қабл аз оғози ин эътирозҳо, ки мақомот иҷозаи баргузории онро надоданд, пулис шуморе аз сарони мухолифинро дар манзилҳояшон ваё дар қароргоҳҳои ин аҳзоб боздошт кард. Дар миёни боздоштшудаҳо раҳбари ҳизби "REAL" Илгар Мамедлу, раиси ҳизби "Мусовот" Ориф Ҳоҷили ва раиси гурӯҳи мухолифи Д18 Руслан Иззатлу, низ буданд.

Мақомот баъдан онҳоро дар берун аз Боку раҳо карданд. Раҳбари гурӯҳи Д18 Руслан Иззатлу баъд аз раҳоияш гуфт, ки алайҳи Вазорати умури дохилӣ шикоят хоҳад бурд.

Нерӯҳои интизомӣ бинои Комиссияи марказии интихоботро, ки қарор буд ҳамоиши эътирозии мухолифон онҷо баргузор шавад, иҳота карда, касонеро, ки ба маҳал наздик мешуданд, савори автобусҳо мекарданд.

Раҳбари ҳизби "Мусовот" Ориф Ҳоҷилӣ пас аз раҳоияш гуфт, ки мақомот бархе аз боздоштшудаҳоро тавассути мошинҳои пулис ба минтақаҳои 200-300 километр дуртар аз Боку бурда, онҷо раҳо карданд.

Меҳмон Ҳусейнов, як номзади интихобот, дар миёни касоне буд, ки дар пойтахт боздошт ва ба берун аз Боку бурда шуд. Ӯ дар "Фейсбук" аксеро нашр кард, ки ӯро дар як минтақаи дурафтода дар миёнаи роҳ нишон медиҳад.

Рӯзи 11-уми феврал низ пулис дар Боку 20 тан аз номзадҳои мухолиф ва мустақилро дар назди Комиссияи марказии интихобот боздошт карда буд. Онҳо ба натиҷаҳои интихобот эътироз карданд карда буданд.

Дар Озарбойҷон ҳеҷ интихобот мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ эътироф нашудааст. Илҳом Алиев, ки 17 сол пеш, баъд аз марги падараш Ҳайдар Алиев, ба қудрат расид, интихоботи ахири порлумониро нӯҳ моҳ пеш аз муҳлат даъват намуд. Алиев гуфт, ҳадаф барпо кардани ислоҳот мебошад.

Дар гузориши муқаддамотии нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳам Шӯрои Аврупо гуфта шуд, "қонунгузории маҳдудкунанда ва фазои сиёсӣ аз рақобати воқеӣ ҷилавгирӣ кард" ва “дар ҳисобу китоб қонуншиканиҳои ҷиддӣ мушоҳида шуд". Нозирон гуфтанд, дар ҳафт нуқтаи раъйдиҳӣ овоздиҳӣ баҳои манфӣ гирифт, чун кӯтаҳиҳои ҷиддӣ ҷой дошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG