Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар ҳайати дувуми "Спартак"-и Маскав


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии санҷишӣ дастаи ҷавонон (дублёрҳо)-и «Спартак»-и Маскавро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард.

Бозии севуми санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) муқобили ҷавонони «Спартак» дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия рӯзи душанбе, 17-уми феврал, доир гардид. Се голи мунтахаби Тоҷикистонро Ислом Зоиров ва ду голи «Спартак»-ро Аслан Муталиев ва Иля Левченков ба самар расониданд.

Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар Анталия аввалин бозии санҷиширо муқобили мунтахаби ҷавонони Гурҷистон (U-19) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода, дар бозии дувум аз бошгоҳи «Виборг»-и Дания бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуда буданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби ҷавонони кишвар дар Анталия боз ду бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Ҷавонони тоҷик рӯзи чоршанбе, 19-уми феврал, бо дастаи «КФУМ Роскилле» аз Дания ва рӯзи шанбе, 22-юми феврал, бо тими ҷавонони ССКА-и Маскав рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад.

Бозиҳои санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Анталия

Тоҷикистон (U-19) – Гурҷистон (U-19) – 0:0

12-уми феврал. Анталия, Туркия.

Тоҷикистон (U-19) – «Виборг» (U-19, Дания) – 0:4

12-уми феврал. Анталия, Туркия.

Тоҷикистон (U-19) – «Спартак» (Маскав, ҳайати ҷавонон) – 3:2

Голҳо: Ислом Зоиров (3) – Аслан Муталиев, Иля Левченков.

Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Кароматуллозода (Шоҳрух Сангов, 46), Исроил Холов, Муҳаммад Саломзода (Умедҷон Холиқов, 83), Шоҳрух Сангов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Иброҳим Зокиров, 83), Озодбек Панҷиев (Исмоил Алимардонов, 62), Ҳамадонӣ Камолов (Асадбек Зиёзода, 76), Шарифбек Раҳматов (Шерзод Дадабоев, 76), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Азизбек Ҳасанов, 62), Ислом Зоиров (Суннатулло Исмоилов, 83).

«Спартак» (Маскав, ҳайати ҷавонон): Александр Алексеев, Влад Саумов, Николай Толстопятов, Алберт Хабиров, Даниил Денисов, Иля Левченков, Марк Кротов (Иван Репях, 62), Даниил Григорев, Степан Мелников, Аслан Муталиев, Иля Голятов.

17-уми феврал. Манавгат, Туркия. Варзишгоҳи «Эвренсеки».

19-уми феврал (чоршанбе)

Тоҷикистон (U-19) – «КФУМ Роскилле» (U-19, Дания)

22-юми феврал (шанбе)

Тоҷикистон (U-19) – ССКА (Маскав, ҳайати ҷавонон)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG