Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ИМА ва Толибон поён ёфт. "То чанд рӯзи дигар тавофуқи сулҳ имзо мешавад"


Гуфтугӯи Амрико ва Толибон дар Қатар. Акс аз бойгонӣ.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон гуфтааст, ки созишнома миёни Амрико ва Толибон то поёни моҳи феврал имзо хоҳад шуд. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гуфтааст, бар асоси ин тавофуқ, ҳама сарбозони хориҷӣ Афғонистонро тарк мекунанд ва пас аз имзои созишнома ва қабл аз оғози гуфтугӯҳо байни худи афғонҳо, 5 ҳазор зиндонии Толибон раҳо мешаванд. Амрико то ҳанӯз дар бораи ин тавофуқ ва ҷузъиёти он маълумоте ироа накардаааст.

Марк Эспер, вазири дифои Амрико рӯзи шанбеи гузашта дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен дар Олмон ба хабарнигорон гуфт, ИМА пас аз оташбаси ҳафтрӯзаи Толибон тасмим мегирад, ки бо ин гурӯҳ мувофиқатномаро имзо кунад ё на.

Қабл аз ин ҳар ду ҷониб (Амрико ва Толибон) дар соли гузашта ҳам ба имзои созишномаи сулҳ наздик шуда буданд, аммо дар натиҷаи як ҳамлаи Толибон дар Кобул, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯҳо бо ин гурӯҳро қатъ кард.

Аммо оташбас кай оғоз мешавад, ҳанӯз маълум нест ва Суҳайл Шоҳин рӯзи якшанбе дар паёме ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, замони дақиқи онро нагуфт. Аммо ӯ навишт, ки ҳар ду ҷониб мувофиқатномаро ниҳоӣ кардаанд. Ӯ дар идомаи паёмаш навишт, ки ҳар ду ҷониб дар ин маврид эъломия нашр мекунад ва замони дақиқи имзои созишномаро муайян хоҳанд кард.

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон, ки ҳайати амрикоиро дар музокирот бо Толибон раҳбарӣ мекунад, рӯзи душанбе гуфт, ки аз пешрафтҳо барои расидан ба созиши сулҳ, хушбин аст.

Оқои Халилзод гуфтааст, Толибон ӯҳдадор шудаанд, ки суботу амниятро ҳифз мекунанд. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон ҳам ба хабаргузориҳо гуфтааст, онҳо ба ҳеҷ кас иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон бар зидди кишвари дигаре истифода кунад.

Антонио Гуттериш, дабири куллии СММ рӯзи 17-уми феврал дар Исломобод гуфт, "агар фурсати ба дастомадаи сулҳ аз даст равад, ҳеҷ афғон моро намебахшад". Дабири куллии СММ, ки дар Конфронси байналмилалӣ дар бораи сарнавишти муҳоҷирони афғон сӯҳбат мекард, афзуд, "афғонҳо аз 40 сол ба ин тараф дар дарду ранҷ ҳастанд".

Имрон Хон, нахуствазири Покистон низ дар ин ҳамоиш гуфт, ки ҳукуматаш аз раванди сулҳи Афғонистон ҳимоят мекунад.

Ҳарчанд ҷузъиёти созишнома миёни Толибон ва Амрико то кунун ифшо нашудааст, аммо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон як бахши муҳими ин тавофуқ ба ҳисоб меравад. Як мақоми баландпояи амрикоӣ ахиран ба ин масъала ишора кард ва гуфт, ки шумораи сарбозони амрикоӣ то 8600 тан коҳиш меёбад.

Нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш соли 2001 ба ҳадафи сарнагун кардани Толибон ва аз байн бурдани Ал-Қоида, ба Афғонистон ҳамла карданд. Дар он замон Толибон дар Афғонистон ҳукумат мекарданд ва Усома бин Лодин ва дигар раҳбарони Ал-Қоида, ки ҳамлаҳои террористии ёздаҳуми сентябрро тарҳрезӣ карда буданд, дар Афғонистон паноҳ бурда буданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG