Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 11 паҳлавони тоҷик дар "Grand Slam Duesseldorf 2020"


Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ.
Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоGrand Slam Duesseldorf 2020” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 21-23-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир мегардад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар “Grand Slam Duesseldorf 2020” иштироки 718 варзишгар (427 мард ва 291 зан) аз 120 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 11 варзишгар – Муҳаммадаюб Мирзозода (60 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Сиротулло Икромов (ҳарду дар вазни зери 90 кг), Саидҷалол Саидов, Хуршед Маҷидов (ҳарду дар вазни зери 100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Бояд тазаккур дод, Дюсселдорф, ки солҳои тӯлонӣ мизбони мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо буд, аз моҳи феврали соли 2018 барои аввалин бор мусобиқаро дар мақоми нав баргузор кард. «Тоскӯлоҳи бузург» ҳамчун яке аз давраҳои мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ки рейтинги баландтар дорад, дар ин шаҳри Олмон баргузор мешавад.

Зимнан, мусобиқа дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» - 700 ва «биринҷӣ» - 500 имтиёз дода мешавад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз аз медалу имтиёз, ҷоизаи молӣ супурда хоҳад шуд. Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 100 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум - 3000 доллар, ҷойи 2-юм - 2000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1000-долларӣ.

Рӯзи ҷумъаи 21-уми феврал занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбеи 22-юми феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи якшанбеи 23-юми феврал бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Grand Slam Duesseldorf 2019 бо шумули панҷ нафар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг) – иштирок карда, бе медал монда буданд.

Аз байни онҳо танҳо Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило баъд аз чор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Олмон, Муғулистон, Швейтсария ва Лаҳистон ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Оно Шоҳел (Ҷопон) шикаст хӯрд. Баъдан Сомон барои медали биринҷӣ аз Лаша Шавдатуашвили (Гурҷистон) мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG