Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти "Хуҷанд" ба "Нефтчӣ" дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020


Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, бо раҳбарии сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020 аз бошгоҳи “Нефтчӣ, барандаи Ҷоми Қирғизистон, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд имрӯз, 19-уми феврал, дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир гардид. Голи ягонаро Александр Игнатенко дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 51-ум, ба самар расонид.

Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд”-ро ҳакамон аз Кореяи Ҷанубӣ бо сарварии довари FIFA Чае Санг-Ҳёп баҳогузорӣ карданд.

Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Нефтчӣ” 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад. Ҳакамони бозии ҷавобӣ аз Урдун мебошанд. Довари FIFA Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.

Дастаи ғолиб аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ миёни “Нефтчӣ” ва “Хуҷанд” муайян шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи Марказӣ

Плей-офф. Бозии аввал

«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Александр Игнатенко, 51

Нефтчӣ” (Қочқор-Ота, Қирғизистон): Михаил Паюш, Азамат Абдуллоев, Усон уулу Эсенбек, Кайрат Изаков, Арген Жуматаев (Аброр Хидиралиев), Алмазбек Маликов, Манас Карипов, Азамат Омуралиев, Элдар Молдожунусов, Александр Игнатенко, Амир Шарифӣ.

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Манучеҳр Сафаров, Ойбек Абдуғаффоров, Алишер Баротов, Манучеҳр Аҳмадов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 59), Санҷар Рихсибоев, Абдулмуъмин Забиров, Бахтиëр Чориев (Комрони Мирзонажод, 88), Андрей Сидоров (Шарафҷон Солеҳов, 84), Дилшод Бозоров.

Огоҳӣ гирифтанд: Усон уулу Эсенбек («Нефтчӣ»), Ойбек Абдуғаффоров, Абдулмуъмин Забиров, Андрей Сидоров («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари дидор: Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).

Сардовар: Чае Санг-Ҳёп (Кореяи Ҷанубӣ).

Нозири доварон: Абдулраҳмон Зайд Ал-Зайд (Арабистони Саудӣ).

Комиссари бозӣ: Талал Муҳаммад Алӣ Ал-Сваилмин (Урдун).

19-уми феврал. Ҷалолобод. Варзишгоҳи «Қурмонбек». 1100 тамошобин.

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

26-уми феврал (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG