Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар "Grand Slam Duesseldorf 2020" маълум шуданд


Саидҷалол Саидов, паҳлавони номдори тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Саидҷалол Саидов, паҳлавони номдори тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоGrand Slam Duesseldorf 2020” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки рӯзҳои 21-23-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир мегардад, маълум шуданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар “Grand Slam Duesseldorf 2020” иштироки 676 варзишгар (404 мард ва 272 зан) аз 117 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 11 варзишгар – Муҳаммадаюб Мирзозода (60 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Сиротулло Икромов (ҳарду дар вазни зери 90 кг), Саидҷалол Саидов, Хуршед Маҷидов (ҳарду дар вазни зери 100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Имрӯз, 21-уми феврал, занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбеи 22-юми феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи якшанбеи 23-юми феврал бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Натиҷаҳои қуръакашӣ бо ширкати гуштигирони тоҷик:


21-уми феврал (ҷумъа)

-60 кг. Даври 2-юм. Муҳаммадаюб Мирзозода - Франсиско Гарригос (Испания)

-66 кг. Даври 1-ум. Ҷамолиддин Абдуллоев - Дийого СЕЗАР (Гвинея-Бисау)


22-юми феврал (шанбе)
-73 кг. Даври 2-юм. Беҳрӯзи Хоҷазода - Тсенд-ОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон)

-73 кг. Даври 2-юм. Сомон Маҳмадбеков - ғолиби ҷуфти Энтони Бушар (Канада) – Вадим Шока (Беларус)

-81 кг. Даври 2-юм. Ҳақназар Назаров - Тимо Кавелиус (Олмон)

-81 кг. Даври 1-ум. Акмал Муродов - Владимир Золоев (Қирғизистон)

23-юми феврал (якшанбе)
-90 кг. Даври 1-ум. Сиротулло Икромов - Давлат Бобонов (Узбекистон)

-90 кг. Даври 1-ум. Комроншоҳи Устопириён - Клен-Кристофер Калюлайд (Эстония)

-100 кг. Даври 1-ум. Саидҷалол Саидов - Мадсен Матиас (Дания)

-100 кг. Даври 1-ум. Хуршед Маҷидов - Ҷозе Луис Арройо Осорио (Перу)

+100 кг. Даври 1-ум. Шакармамад Мирмамадов - Мариа Иванлеа (Кюрасао)

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Фаронса севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» - 700 ва «биринҷӣ» - 500 имтиёз дода мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG