Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти "Истиқлол" дар аввалин бозии санҷишӣ дар Анталия


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аввалин бозиашро дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия ба тими «Чжэтзян Гринтаун» – намояндаи дивизиони аввали қаҳрамонии футболи Чин бо ҳисоби 0:1 бохт.

Ин бозии санҷишӣ 20-уми феврал дар майдони футболи маркази варзишии «Папиллон»-и Белек доир гардид. Голи ягонаро ҳамлагари «Чжэтзян Гринтаун» ва мунтахаби миллии Африқои Ҷанубӣ Дино Ндлову ба ҳадаф расонд. Вай, ки бо дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов як ба як баромад, дар дохили ҷаримагоҳ зада аз по афтонда шуд. Сардовар Улку Гюрсел (Туркия) ба дарвозаи «Истиқлол» ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро худи ҷабрдида зад, вале Ятимов онро баргардонд. Дино Ндлову аввалин шуда ба тӯб расид ва онро ба тӯри дарвоза ворид намуд.

«Истиқлол», қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, бо раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия бозии дувуми санҷиширо 22-юми феврал бо дастаи «Шахтёр»-и Қарағанда, ки дар Премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунад, анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, ки бозиҳои санҷишӣ дар Анталия барои “Истиқлол” як навъ санҷишест пеш аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020, ки 11-уми март шуруъ мешавад. “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Олтин Асир”-и Туркманистон, “Дордой”-и Қирғизистон ва ғолиби плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни бошгоҳҳои “Нефтчӣ”-и Қирғизистон ва “Хуҷанд”-и Тоҷикистон рақобат хоҳад кард.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Чжэтзян Гринтаун» (Чин) – 0:1

Гол: Дино Ндлову, 45+1.

Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф нарасонд: Дино Ндлову, 45+1 (дарвозабон баргардонд).

«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич (Виктор Свежов, 75), Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 63), Табрези Давлатмир (Далер Ёдгоров, 78), Хуршед-Темур Ҷӯраев (Ваҳдат Ханонов, 58), Алишер Ҷалилов, Саидмухтор Азимов, Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 63), Вахит Оразсахедов (Салам Ашурмамадов, 68).

Огоҳӣ гирифтанд: Рустам Ятимов, Саидмухтор Азимов, Марко Милич («Истиқлол»), Сун, Гуо («Чжэтзян Гринтаун»).

Сардовар: Улку Гюрсел (Туркия).

20-уми феврал. Белек. Майдони футболи маркази варзишии «Папиллон».

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG