Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ


акс аз fft.tj
акс аз fft.tj

Натоиҷи бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 21-уми феврал, шуруъ шуд. Барои Ҷоми ФФТ ҳашт даста мубориза мебарад.

Дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» ССКА ВМ ҶТ (Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Равшан» (Кӯлоб), ба гурӯҳи «Б» «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Душанбе-83» (Душанбе), «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Хатлон» (Бохтар) дохиланд.

Бозиҳои даври аввал дар варзишгоҳҳои марказии Душанбе ва Ҳисор баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «А» ССКА ВМ ҶТ бар «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 ва «Равшан» бар «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Дар гурӯҳи «Б» «Хатлон» бар «Кӯктош» бо ҳисоби бузурги 4:0 ва «Душанбе-83» бар «Эсхата» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, барандаи феълии Ҷоми ФФТ - «Истиқлол»-и Душанбе – аз сабаби онки дар Туркия ҷамъомади таълимиву тамринӣ доир намудааст, дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ширкат надорад. “Истиқлол”-ро дастаи «Кӯктош», ки дар марҳилаи пешакӣ дар гурӯҳи «А» мақоми севумро касб намуд, иваз кардааст.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»: ССКА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».

Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истаравшан» – ССКА ВМ ҶТ – 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 16 (0:1). Илҳом Баротов, 32 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 45+1 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА ВМ ҶТ).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

21-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

«Равшан» – «Локомотив-Помир» – 1:0

Гол: Далер Чолов, 7.

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ризоев («Локомотив-Помир»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

21-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

ССКА ВМ ҶТ

1

1

0

0

2-1

3

2

«Равшан»

1

1

0

0

1-0

3

3

«Локомотив-Помир»

1

0

0

1

0-1

0

4

«Истаравшан»

1

0

0

1

1-2

0

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 11 (1:0). Парвиз Ҳамидов, 17 (2:0). Мубинҷон Муъминов, 71 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

21-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Хатлон» – «Кӯктош» – 4:0

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 37 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 45 (2:0). Сорбон Авғонов, 79 (3:0). Эҳсон Бобоев, 90+4 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

21-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон»

1

1

0

0

4-0

3

2

«Душанбе-83»

1

1

0

0

2-1

3

3

«Эсхата»

1

0

0

1

1-2

0

4

«Кӯктош»

1

0

0

1

0-4

0

Конец формы

Даври 2-юм

23-юми феврал (якшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Хатлон» – «Эсхата». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

24-уми феврал (душанбе)

11:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Равшан» – ССКА ВМ ҶТ. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

25-уми феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – «Кӯктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

26-уми феврал (чоршанбе)

10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

13:00 – «Локомотив-Помир» – ССКА ВМ ҶТ. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Нимфинал

28-уми феврал (ҷумъа)

11:00 – нимфинали 1-ум

15:00 – нимфинали 2-юм

1-уми март (якшанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

15:00 – Финал

XS
SM
MD
LG