Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Деҳлӣ


Муҳаммад Икромов, паҳлавони тоҷик.
Муҳаммад Икромов, паҳлавони тоҷик.

Варзишгарони тоҷик, дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ), ки рӯзҳои 18-23-юми феврал дар Деҳлии Ҳиндустон доир гардид, чаҳор медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ҳикматулло Воҳидов дар мусобиқа оид ба гуштии озод дар вазни зери 57 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ бар Бекболод Мирзоназар уулу (Қирғизистон), дар нимфинал бар Сардор Рузимов (Узбекистон) ғолиб омад, вале дар финал аз Кумар Равӣ (Ҳиндустон) шикаст хӯрд ва ҷойи дувумро азони худ кард.

Медали дувуми нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Икромов овард. Ӯ дар рақобатҳо оид ба гуштии озод дар вазни зери 61 кило дар чорякфинал бар Ҷиҳон Юн (Кореяи Ҷанубӣ), дар нимфинал бар Риуто Сакаки (Ҷопон) пирӯз шуд, вале дар финал аз Улукбек Жолдошбеков (Қирғизистон) мағлуб гардида, ҷойи дувумро соҳиб гашт.

Искандари Рустам дар сабқати гуштии озод дар вазни зери 97 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар Тайаб Раза (Покистон) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз Сативарт Кадиан (Ҳиндустон) шикаст хӯрд. Искандар дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар Зайд Ҳусейн Муҳаммад (Урдун) ғалаба кард.

Медали дигари биринҷиро Мубинҷон Аҳмадов дар мусобиқаи гуштии юнониву румӣ гирифт. Ӯ дар вазни зери 63 кило дар даври чорякниҳоӣ аз Ҷинсеуб Сонг (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуд. Баъдан дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар Муҳаммад Ал-Аҷамӣ (Кувайт) ғолиб омад.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии варзишӣ дар Деҳлӣ, ки бо иштироки беш аз 270 варзишгар аз 24 кишвар доир гардид, 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, як нафар оид ба гуштии занона намояндагӣ карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 15 медал (8 тилло, 5 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Эрон бо касби 17 медал (7-4-6) ҷойи дувум ва мунтахаби Ҳиндустон бо касби 21 медал (6-5-10) ҷойи севумро гирифтанд. Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва 2 нишони биринҷӣ миёни 24 кишвар ҷойи нуҳумро азони худ кард.

Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ (United World Wrestling) шаҳри Бишкеки Қирғизистонро ба ҳайси мизбони мусобиқаи интихобии олимпӣ, ки рӯзҳои 27-29-уми март баргузор мешавад, тасдиқ намуд.

Мусобиқа тибқи қарори қаблӣ бояд дар шаҳри Сиани Чин барпо мегардид, вале бо сабаби авҷи вируси корона дар ин кишвар ва берун аз он лағв карда шуд.

“Иваз кардани макони баргузории мусобиқа дар муҳлати хеле кутоҳ дуруст нест, вале барои мо саломатии варзишгарон муҳимтар аст. Мо бояд барои иштироки ҳамаи варзишгарон имконият фароҳам оварем”, - иброз намудааст президенти United World Wrestling Ненад Лалович.

Дар мусобиқа варзишгароне, ки аллакай роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токиоро доранд, иштирок карда наметавонанд. Дар ҳар як дараҷаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад.

Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ, ки аз 30-юми апрел то 3-юми май дар Софияи Булғористон доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош мекунанд. Дар ин мусобиқа низ дар ҳар вазн ду роҳхат дода мешавад. Яъне гуштигироне, ки ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, соҳиби роҳхат мешаванд. Ҳар як кишвар метавонад то 18 роҳхат бигирад.

Зимнан, варзишгарони тоҷик то ҳоло ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат ба даст наовардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG