Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши 12 муштзани тоҷик барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми март дар пойтахти Урдун – Аммон - баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки мебоист рӯзҳои 3-14-уми феврал дар шаҳри Вуҳан баргузор мешуд, ба иллати авҷ гирифтани коронавирус дар Чин ба Урдун интиқол ёфт.

Дар мусобиқаи мазкур, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) талош меварзанд.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон, 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 12 варзишгар дохил аст. Ҳашт нафар - Шуҳрат Сабзалиев (-52 кг), Бахтовар Сагизов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шералӣ Мамадалиев (-69 кг),
Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Давлат Болтаев (-91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) – дар рақобатҳо миёни мардон ширкат меварзанд.

Чаҳор нафар - Сумайя Қосимова (-51кг), Миҷгона Самадова (-57кг), Шоира Зулқайнарова (-60кг) ва Нилуфар Бобоёрова (-69 кг) - дар
сабқати занон иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ барои роҳхатҳои олимпӣ аз 13-ум то 24-уми май дар Пориси Фаронса доир мегардад. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ низ аз рӯи вазнҳо варзишгароне, ки ҷойҳои аз 3-юм то 5-умро мегиранд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG