Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ маросими савгандёдкуниро то 9 март ба таъхир гузошт


Дар пасманзари ихтилофҳои идомаёбанда бо рақиби интихоботиаш, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ маросими савгандёдкунии худро барои шурӯи марҳилаи дуюми президентӣ то 9 март ба таъхир гузошт. Дар як изҳороти дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи 26 феврал гуфта шуд, ки бо сабаби “овозаҳо” дар робита бо паҳн шудани коронавирус ва огаҳии кӯтоҳ ба раҳбарони ҷаҳон дар бораи ширкат дар маросими савгандёдкунии президент маросим ба таъхир гузошта шуд.

Ҳафтаи гузашта Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон Ғаниро барандаи интихоботи 28 сентябр эълон кард, вале раҳбари ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло, ки мӯҳлати раҳбариаш ба охир мерасад, натиҷаҳои деринтизори овоздиҳиро рад ва худро баранда эълон карда гуфт, ки дар паи ташкили ҳукумати худ шуд.

Фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод қарори Ғаниро дар заминаи ба таъхир гузоштани маросими савгандёдкунӣ истиқбол кард ва гуфт, ки “ин таъхир имкони барпо кардани машваратҳои заруриро фароҳам мекунад, то ки манфиати Афғонистон ва мардумаш аз ҷониби ҳукумати нав ба инобат гирифта шавад”.

Ӯ дар Твиттери худ навишт, “бо ҷамъбаст шудани ҷараёни интихобот, президент Ғанӣ худро баранда эълон кард ва раҳбарони дигар бояд итминон ҳосил кунанд, ки ҳукумати нав фарогир хоҳад буд ва ормонҳои тамоми мардуми Афғонистонро инъикос мекунад”.

Тақаллуби сартосарӣ дар интихоботи соли 2014-и президентии Афғонистон як бӯҳрони сиёсӣ дар миёни Ғанӣ ва Абдуллоро эҷод кард ва ин ҳолат баъдан бо миёнҷигии ИМА аз роҳи созиши тақсими қудрат ҳалли худро пайдо намуд.

Бар асоси ин созиш, Ғанӣ президент шуд ва барои Абдулло дафтари раиси ҳукумати иҷроия ташкил карданд.

Изҳороти рӯзи чоршанбе дар шароите пахш шуд, ки дар Афғонистон ҳафтаи “коҳиши хушунат” идома дорад. Ин созишест, ки дар остонаи имзои созиши сулҳи миёни ИМА ва Толибон ҳосил шудааст. Толибон дар солҳои охир дар фикри сарнагун кардани ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул мебошанд.

Майк Помпео, Котиби давлатии ИМА рӯзи 25 феврал гуфт, ки дар сурати риоя шудани ин мувофиқаҳо, Вашингтон омода аст созиш бо Толибонро имзо кунад ва ин чиз ба коҳиши 13 ҳазор нирӯи амрикоӣ дар Афғонистон сабаб мешавад. Ин созиш дар сурати имзо шуданаш бесобиқа хоҳад буд.

Толибон то ҳол музокироти мустақим бо ҳукумати Кобулро рад карда онро як ҳукумати лӯхтакии қудратҳои ғарбӣ меноманд.

Мақомоти Афғонистон гузориш доданд, ки дар ин кишвар то ҳол як ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба коронавирус вуҷуд дорад. Дар саросари ҷаҳон то ҳол беш аз 80 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 2700 нафар, асосан дар макони бурузи ин вирус, ҷон додаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG