Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 сарбози Туркия дар ҳамлаи нерӯҳои Сурия кушта шуданд


Нерӯҳои Туркия дар роҳ ба Сурия. Акс аз бойгонӣ.
Нерӯҳои Туркия дар роҳ ба Сурия. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия дар вилояти Идлиб, ҳадди ақал 33 сарбози турк кушта шуданд. Дар пайи ин ҳамла Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия бо мушовирони баландпояи худ нишасти изтирорӣ баргузор кардааст.

Раҳмон Дуғон, раиси вилояти марзии Хатойи Туркия субҳи ҷумъаи 28-уми феврал таъкид кард, ки дар ин ҳамлаҳои ҳавоии ҳукумати Сурия 32 сарбози Туркия маҷрӯҳ шуданд. Тибқи ин гузориш, захмиёни ин ҳамлаҳо ба бемористон интиқол дода шуданд.

Аз сӯи дигар, Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон мегӯяд, 34 низомии Туркия дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии ҳукумати Сурия дар атрофи Идлиб кушта шуданд.

Артиши Сурия моҳҳои ахир бо ҳимояти нерӯҳои Русия амалиётҳои густурдаеро барои тасарруфи вилояти Идлиб -- охирин пойгоҳи мухолифони Башор Асад, оғоз кардааст. Ин амалиёт боис шудааст, ки садҳо ҳазор нафар хонаҳояшонро тарк карда, фирорӣ шаванд.

Дар ҳамин ҳол, артиши Туркия дар ҳафтаҳои ахир ҳазорон нерӯи нав бо силоҳҳои вазнин ба Идлиб фиристодааст. Ҳадафи аз он кӯмак ба мухолифони ҳукумати Сурия ва таҳкими ҷойгоҳи Туркия дар шимоли Идлиб гуфта шудааст.

Ду мақоми Туркия ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, пас аз ҳамлаҳои ахир ба нерӯҳои Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва мушовиронаш нишасти изтирорӣ баргузор карданд. Оқои Эрдуғон рӯзи гузашта гуфта буд, артиши ин кишвар дар ҳафтаи ҷорӣ нерӯҳои давлатии Сурияро аз атрофи постгоҳҳои Туркия дар шимоли Идлиб ақиб хоҳад зад.

Ин ду мақоми турк гуфтаанд, нишасти Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо мушовиронаш ду соат идома кардааст. Аммо онҳо шарҳи бештаре дар бораи ин нишасти изтирорӣ ироа накарданд.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, тайи ҳафтаи гузашта дар даргирӣ байни нерӯҳои давлатии Туркия ва Сурия 21 сарбози турк кушта шуданд.

Бо сахттар шудани даргириҳо дар вилояти Идлиб, ҳукумати Туркия нигарони сарозер шудани мавҷи дигаре аз оворагони суриягӣ ба марзҳои он кишвар аст. Дар ҳоли ҳозир Туркя мизбони 3 миллиону 700 ҳазор овораи суриягӣ аст ва мегӯяд, метавонад паноҳҷӯи бештаре бипазирад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG