Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймо ба иллати коронавирус дар Туркманобод нишаст


Фурудгоҳи байналмилалии Туркманобод.
Фурудгоҳи байналмилалии Туркманобод.

Ҳавопаймои ширкати "Туркменские Авиалинии", ки аз шаҳри Маскав ба Ишқобод парвоз мекард, дар шаҳри Туркманобод ба замин нишаст. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳамаи мусофирони ҳавопайморо дар робита ба коронавирус аз ташхис гузарондаанд.

Ба иттилои сомонаи Flightradar24, ки масири парвози ҳавопаймоҳоро пайгирӣ мекунад, ҳавопаймои "Туркменские Авиалинии" 4-уми март аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав парвоз карда, қарор буд дар Ишқобод фуруд ояд, вале дар шаҳри Туркманобод ба замин нишаст.

"Ҳамаи мусофирони ҳавопайморо аз ташхис гузаронда, сипас ҷавоб доданд. Мусофирон намедонанд, чи гуна ба Ишқобод раванд",-афзуд хабарнигор.

Ҳамчунин нашрияи "turkmen.news", хабар дод, ки ширкати ҳавопаймоии Туркия парвозҳоро ба Ишқобод қатъ кардааст. Ба гуфтаи манбаи нашрия, ширкат дар ин бора 4-уми март мусофиронашро огаҳ кардааст.

Ин ширкат дар бораи сабабҳои ин тасмим чизе нагуфтааст, вале ба эҳтимоли зиёд, мақомоти Туркманистон ба иллати коронавирус сафари шаҳрвандони худро ба Туркия манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG