Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олег Тинков ба пинҳон намудани дороиҳояш айбдор шуд


Олег Тинков
Олег Тинков

Мақомоти Амрико соҳибкори Русия Олег Тинковро дар пинҳон намудани 1 миллиард доллар дороӣ айбдор карданд. Ба соҳибкор то шаш соли зиндон таҳдид мекунад.

Вазорати адлияи ИМА дар ин бора дар сомонаи расмиаш хабар додааст.

Тинков аз соли 1996 инҷониб шаҳрванди ИМА буд ва наздики 6 сол дар он кишвар зиндагӣ кардааст. Соли 2013, баъди он ки ширкати вай TCS Group (молики бонки Тинкофф) саҳмияҳояшро дар мазҳари ом гузошт, соҳибкор аз шаҳрвандии ИМА даст кашид. Биржаи Лондон арзиши ширкати TCS Group-ро 3 миллиарду 200 миллион доллар арзёбӣ кард. Ба ин тартиб мушаххас шуд, ки дороии Тинков ба миллиард доллар мерасад, хабар медиҳад вазорати адлияи ИМА.

Пеш аз он ки соҳибкор аз шаҳрвандии ИМА даст кашад, мебоист андоз пардохт кунад. Ба иттилои тафтишот, вай даромад ва дороии худро ба маротиб кам нишон додааст. Тинков даромадашро 206 ҳазор доллар ва дороияшро 300 ҳазор доллар нишон додааст, дар ҳоле ки саҳми вай дар бонк он замон миллиард долларро ташкил медод.

Бар асоси айбе, ки вазорати адлияи ИМА нисбати Тинков эълом кардааст, соҳибкорро 6 соли зиндон ва 500 ҳазор доллар ҷарима таҳдид мекунад. Вай ҳамчунин вазифадор хоҳад шуд, ки андозҳои напардохтаашро пардозад. Тинков ва намояндагонаш то кунун айбҳои эъломшударо шарҳ надодаанд.

Даъвоҳои хадамоти андози ИМА нисбати Тинков охири моҳи феврал расонаӣ шуд. Соҳибкор айни ҳол дар шаҳри Лондон аст ва додгоҳ истирдоди ӯро ба ИМА баррасӣ дорад. Додгоҳи Бритониё ӯро дар ивази 20 миллион фунт стерлинги замонат аз боздошт раҳо карда, аммо иҷозат надодааст, ки кишварро тарк кунад. Кормандони пулис ӯро зери назорати доимӣ гирифтаанд. Соҳибкор шиносномаҳои Русия ва Кипр, инчунин ҳуҷҷати ҳаққи иқомат дар Италияро ба пулис таслим кардааст.

Тинкофф-бонк дар рӯйхати бистгонаи бузургтарин бонкҳои Русия шомил мешавад. Активҳои ин бонк наздики 600 миллиард рубл арзиёбӣ шудаанд. Бонки мазкур яке аз бузургтарин қарздиҳандаҳо ба ҳисоб меравад. Дороии асосгузори бонк аз сӯи маҷаллаи Forbes 2 миллиарду 200 миллион доллар тахмин зада шуда буд.

XS
SM
MD
LG