Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бедодгариҳои коронавирус дар ҷаҳон


Сайёҳон дар Ватикан. 24-уми феврали 2020
Сайёҳон дар Ватикан. 24-уми феврали 2020

Роҳбарони соҳаи тандурустии ҷаҳон ба кишварҳо ҳушдор додаанд, ки паҳншавии коронавирусро ҷиддӣ қабул кунанд, зеро он дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ бо суръат паҳн мешавад. Ҳолланд ва Ватикан рӯзи 6-уми март дар бораи ҳолатҳои тасдиқшудаи вирус хабар доданд ва шумораи гирифторон дар саросари ҷаҳон ба 100 ҳазор нафар наздик аст.

Ин беморӣ, ки дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн шудааст, дар Чин сар зад ва то кунун сабаби марги зиёда аз 3300 нафар шуд.

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба хабарнигорон гуфт, “ин машқ нест” ва даъват кард, ки барои истодагарӣ ба паҳншавии вирус ба “ҳуҷуми сахт” омодагӣ гиранд.

Чанде аз кишварҳои иқтисодии бузург, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида фоизи қарзҳорои худро кам карданд ва барои мубориза ба зидди бемории ҳамагир миллиардҳо доллар ваъда доданд, аммо ин амал тарси афзояндаи зарари инсонӣ ва иқтисодиро коҳиш дода наметавонанд.

Бонки Осиёии Рушд рӯзи 6-уми март гуфт, ки зарари иқтисодии ҷаҳонӣ аз сар задани вирус метавонад ба 347 миллиард доллар расад, ки аз се ду ҳиссаи он дар Чин рӯй медиҳад.

Дар Иёлоти Муттаҳида, чор аёлати нав аз ҷумла Колорадо, Мэриленд, Теннесси ва Техас аз пайдо шудани аввалин гирифторони вирус хабар доданд. Шумораи ҳолатҳои сабтшудаи коронавирус ба 230 нафар расида, 12 нафар фавтидаанд.

Ин бӯҳрон сабаб шуда, ки кордиҳандагони бузургро дар шимолу ғарб ба монанди Google, Facebook, Amazon ва Microsoft водор кунад, ки ба коргарон маслиҳат диҳад, аз хона кор кунанд. Пешниҳод танҳо ба 100 ҳазор аҳолии ин минтақа таъсир мерасонад.

Сенати Амрико 5-уми март иҷоза дод, ки барои мубориза бо ин беморӣ 8,3 миллиард доллар харҷ карда шавад.

XS
SM
MD
LG