Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи "Ғуруби тилоӣ"-и Назарбоев босуръат барбод меравад


Нурсултон Назарбоев, он замон президенти Қазоқистон дар майдони наворгирии филми бадеии "Кӯчманчиён", 17 феврали соли 2004.
Нурсултон Назарбоев, он замон президенти Қазоқистон дар майдони наворгирии филми бадеии "Кӯчманчиён", 17 феврали соли 2004.

Президенти аввалини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев солҳои зиёд мероси худро парвариш мекард. Ӯ кӯшиши зиёде кардааст, то дар китобҳои дарсии таърих номаш бо некӣ ёду тасвир шавад. Аммо пас аз истеъфояш дар соли гузашта ин манзараи зебо дар пеши чашми ҳамагон нобуд шуда истодааст.

Соле ҳам нагузаштааст, ки пас аз 30 соли ҳукмрониаш раҳбари тавонои Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба истеъфо рафт. Ӯ 19 марти соли 2019 номаи истеъфояшро имзо кард ва ҳамон лаҳзае, ки қаламаш ба номаи истеъфо расида буд, возеҳ шуд, ки барои ҳама амалу чизе, ки пас аз он меояд, барномаи мушаххасе дорад.

Ҷанбаи асосии ин барнома мадҳу сано ва шукрона аз мероси Назарбоев буд.

" Элбосӣ – Пешвои миллат"

Моҳи майи соли 2010, пас аз тақрибан 20 соли ҳукмронии худсарона ва ғайридемократӣ, ки аз соли 1989, аз вазифаи баландтарини ҷумҳурии шуравии Қазоқистон шуруъ шуда буд, Порлумони Қазоқистон ба Назарбоев унвони фахрии "элбосӣ" ё "пешвои миллат" – ро дод.

Яке аз вакилони Порлумон додани ин унвонро асоснок карда гуфта буд, ки "Нурсултон Назарбоев дар радди ашхоси бузурге, ба мисли Ҷорҷ Вашингтон [президенти аввали Иёлоти Муттаҳидаи Амрико], Мустафо Камол Отатурк [асосгузори Туркияи муосир] ва Маҳатма Гандӣ [сарвари истиқлолияти Ҳиндустон] ҷой гирифтааст.»

23 марти соли 2019, пас аз чаҳор рӯзи истеъфо, Қосимҷомарт Тоқаев, ки шахсан аз ҷониби Назарбоев ҳамчун ворисаш интихоб шуда буд, эълом намуд, ки Остона, пойтахти Қазоқистон ба шарафи Президенти якуми кишвар номи нав – Нурсултонро хоҳад гирифт.

Дар баёнияи сафорати Қазоқистон дар Вена, ки чанде пас аз ин эъломия нашр шуда буд, гуфта шуда буд, ки "иваз кардани Остона ба шарафи нахустин Президенти кишвар Нурсултон Назарбоев дар таърих намуна ва мутобиқати худро дорад" ва ҳам ишорае ба мисоле аз таърихи Иёлоти Муттаҳида карда шуда буд: “Моҳи июли соли 1790 Конгураи ИМА Қонуни Истиқоматро қабул кард, ки таъсиси пойтахти кишварро дар канори дарёи Потомак тасдиқ кард. Моҳи сентябри 1791, нозироне, ки назорати сохтмони пойтахти навро ба уҳда доштанд, номи шаҳрро ба ифтихори Президенти аввалини Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Вашингтон гузоштанд. Ва ҳам барои сарварии кишвараш дар рӯзҳои ташаккули миллати нав Ҷорҷ Вашингтон падари кишвар номида шуд."

Дар шаҳри Нурсултон номи фурудгоҳ Назарбоев аст. Донишгоҳи Назарбоев ҳам дар он ҷо вуҷуд дорад, ва кӯчаҳои бисёреву дигар ҷойҳо ба номи ӯ гузошта шудаанд.

Назарбоев гуфт, аз мақомаш меравад, вале бо мардум мемонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

Назарбоев ва мансабдорони давлатӣ симои "Элбосӣ"-ро ҳамчун як пешвои муътабаре офаридаанд, ки Қазоқистонро ба шукуфоӣ ва мардуми онро ба дороӣ оварда, обрӯи кишварро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сатҳи бонуфузе бардоштааст.

То андозае, ҳама ин дуруст ҳам ҳаст, аммо шояд на ба он дараҷае, ки Назарбоев ва атрофиёни ӯ ба он бовар мекунанд.

Ҷоми куҳан, шароби куҳан

Пас аз истеъфои Назарбоев фавран ва бо сабабҳои гуногун эътирозҳо шуруъ шуданд. Ширкаткунандагони ин эътирозҳо дастгирии бештари давлатро ба хонаводаҳои камдаромад тақозо мекарданд, аз таъсири афзояндаи Чин ва сарнавишти мусалмонони Шинҷони ғарбӣ дар вилояти Мухтори Уйғури Чин, бахусус шароити қазоқтаборони он нигаронӣ мекарданд; ва ҳамчунин аз набудани тағйироти воқеӣ дар идораи кишвар норозӣ буданд.

Назарбоев раёсатро тарк кард, аммо тақрибан ҳама ваколатҳоро дар вазифаи нави сарвари Шӯрои Амнияти Қазоқистон дар дасти худ нигоҳ дошт. Ва ҳамон одамоне, ки дар давраи ӯ шахсони калидии сиёсат ва тиҷорат буданд ҳамоно дар ҳукумати Қазоқистон монданд. Ҳаққи овоз ба мардум дода нашуд, на дар вақти иваз кардани номи пойтахт, на дар таъини Тоқаев ба мақоми ҷойгузини президент ва на дар интихоби Дариға, духтари калонии Назарбоев ба вазифаи раиси Сенат. Тибқи Қонуни асосӣ, агар бо сабабе Тоқаев натавонад вазифаи худро иҷро кунад, сарварии кишвар ба дӯши Дариға хоҳад афтод.

"Бирав, чол"

Ин амалҳои худкома, ки таҳти назари худи Назарбоев ташкил шудаанд, решаи аслии норозигии ҷомеа ҳастанд, ва ширкаткунандагони тазоҳуроти беиҷозати мунтазамро маҷбур сохтаанд фарёд зананд: "Шал, Кет!" ("Чол, бирав!"). Ва ба ҳама рушан аст, ки ин чол ё марди пир кист.

Ин ҳамоишҳои беиҷозат ҳеҷ гоҳ беш аз чандсад нафарро ҷамъ накардаанд, аммо онҳо зуд-зуд баргузор мешаванд ва зоҳиран дар шаҳрҳои калон: на танҳо дар шарқи кишвар – дар Алмаато ва пойтахт, балки дар ҷануб –дар Шимкент, ва ҳам дар Оқтеппа ва Атирау, дар ғарби кишвар низ. Ва фарёди "Шал, кет!" дар ҳамаи ин ҳамоишҳо шунида мешавад.

Дар асл, эҳтимол ва хатари сарнагун шудани ҳукумат бар асоси ин ҳамоишҳо вуҷуд надорад, аммо ба меросе, ки Назарбоев тӯли ин ҳама солҳо барпо кардааст, зарбаи ҷиддӣ расидааст.

Хабарҳои охирин дар бораи он ки духтари миёнаи Назарбоев Динора дар Швейтсария қасре харидааст ва ё дар бораи он, ки бародари Назарбоев дар ҷашнҳои бошукӯҳ маблағҳои зиёде харҷ мекунад, ба хотири мардуми Қазоқистон мерасонанд, ки аз хазинаи ин давлати сарватманд ҷониби оилаи ҳукмрон чӣ маблағҳои бузурге ба кисаи худ задаанд.

Марги фаъоли оппозисиюн Дулат Ағадил дар боздоштгоҳи полис охири моҳи феврал ёдрасест аз беадолатии доимие, ки аз замони президентии Назарбоев дар ҷомеа реша давонидааст.

Аз солҳои аввали истиқлолияти Қазоқистон маълум буд, ки Назарбоев симои худро ҳамчун Президент қадру парвариш мекард, то номаш дар китоби таърих абадӣ бимонад. Вақте мансабдорон ӯро "падари миллат", пешвои бузург, марди хирадманд, президенти ғамхор меномиданд ва суханрониҳои ӯро бо қарсакзаниҳои давомдор таҳсин мекарданд, ӯ бо хушнудӣ гӯш ва қабул мекард.

Маълум нест, ки оё Назарбоев медонад, ки имрузҳо қисме аз мардум дар бораи ӯ чи ҳарфҳое мезананд. Наздикони ӯ шояд мазмуни фарёдҳои тазоҳургаронро аз ӯ пинҳон медоранд. Воситаҳои ахбори умуми давлатӣ дар бораи ин ҳамоишҳо хабар намедиҳанд.

Чанд километр дуртар аз пойтахти сершамоли Нурсултон мақбара сохта истодаанд. Он ҷоро аллакай ҳамчун ҷои роҳати ниҳоие барои онҳое ихтиёр кардаанд, ки саҳмашон дар рушди Қазоқистон бузург будааст.

Назарбоев, ки моҳи июл 80-сола мешавад, дар бораи ин оромгоҳ ва онҳое ки ҳақ доранд дар ин оромгоҳ дафн шаванд ҳарфи ниҳоиро дорад, ва тахмин меравад, ки худи ӯ ҳам пас аз маргаш ҳамчун пешвои маҳбуб ва падари Қазоқистони муосир дар он ҷо рахти ниҳоӣ хоҳад ёфт.

Аммо симои ӯ дар тӯли ин солҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст ва инро эътирози ҳамоишгарон нишон медиҳад. Баъзеҳо, алахусус ҷавонон, ба он ишора мекунанд, ки онҳо Назарбоевро на ҳамчун асосгузори кишвари худ, балки монеае дар роҳи пешрафти он мебинанд.

XS
SM
MD
LG