Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти ду муштзани тоҷик дар чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ


Шаббос Неъматуллоев (аз рост) аз идомаи сабқат маҳрум шуд.
Шаббос Неъматуллоев (аз рост) аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Муштзанҳои тоҷик Шаббос Неъматуллоев ва Давлат Болтаев рӯзи 8-уми март дар даври чорякниҳоии мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки дар пойтахти Урдун – Аммон – ҷараён дорад, ноком шуданд. Ҳарду аз муштзанҳои машҳур аз Қазоқистон шикаст хӯрданд.

Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило дар даври чорякниҳоӣ аз қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Бекзод Нурдавлатов бо ҳисоби 0:5 мағлуб гашт.

Давлат Болтаев дар вазни то 91 кило дар чорякфинал қувваозмоиро ба барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон Василий Левит бо ҳисоби 0:5 бохт.

Ба ин тартиб, аз 12 муштзани тоҷик (8 мард ва 4 зан) ду нафар - Баҳодур Усмонов ва Сумая Қосимова – муборизаро дар чорякфинал идома медиҳанд. Баҳодур имрӯз, 9-уми март, дар вазни то 63 кило бо Обада Алкасба аз Урдун қувва меозмояд. Зимнан, Баҳодур соли гузашта дар финали қаҳрамонии бокси Осиё Алкасбаро шикаст доа буд. Сумая бошад, имрӯз дар даври чорякниҳоӣ дар вазни то 51 кило бо Чанг Юан аз Чин рақобат мекунад.

Вале даҳ муштзани тоҷик - Шуҳрат Сабзалиев ( 52 кг), Бахтовар Сагизов (57 кг), Шералӣ Мамадалиев (69 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (75 кг), Шаббос Неъматуллоев (81 кг), Давлат Болтаев (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (беш аз 91 кг), инчунин дар сабқати занон Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (69 кг) - аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG