Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳхати дувуми олимпиро ба Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев овард


Шаббос Неъматуллоев.
Шаббос Неъматуллоев.

Шаббос Неъматуллоев, муштзани тоҷик, рӯзи 11-уми март дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони Урдун дар қувваозмоии дувуми даври бокс-офф дар вазни то 81 кило бар варзишгари Ҳиндустон Санчин Кумар бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид. Ин дувумин роҳхати варзишгарони тоҷик аст.

Дар вазни то 81кило барои минтақаи Осиё/Уқёнус панҷ роҳхат ихтисос дода шудааст. Чаҳор роҳхат насиби варзишгароне гардид, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо карданд. Барои як роҳхати дигар дар ин вазн варзишгароне, ки дар чорякфинал мағлуб шуданд, дар даври бокс-офф мубориза бурданд.

Шаббос Неъматуллоев соли 2018 дар мусобиқаи VIII қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Элистаи Қалмиқистони Русия баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило мақоми аввалро касб намуда, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ӯ инчунин қаҳрамони Осиё миёни донишҷӯён дар соли 2016 мебошад. Ба ғайр аз ин, Шаббос дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ дар Қазоқистон дар тӯли солҳои 2013-2018 ғолиб омадааст.

Вай ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Бангкоки Тайланд (соли 2014), барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Киеви Украина (соли 2013) ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Шимкенти Қазоқистон (соли 2013) аст.

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс Шаббос Неъматуллоеви 22-сола таҳти раҳбарии падараш Аббос Неъматуллоев тамрин мекунад.

Ёдовар мешавем, имрӯз боз ду муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов ва Сумайя Қосимова – дар даври бокс-офф барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 мубориза бурданд.

Баҳодур Усмонов, ки дар вазни то 63 кило миёни мардон бар варзишгари эронӣ Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид. Ин аввалин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ мебошад.

Вале Сумайя Қосимова, ки дар даври бокс-офф дар вазни то 51 кило миёни занон аз варзишгари Филиппин Ириш Магно шикаст хӯрд, аз роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 маҳрум шуд.

Дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) сурат гирифт, беш аз 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) талош карданд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф шуданд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.

XS
SM
MD
LG