Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корнамоии ду ҷавон дар беморхонаи Ёвон. ВИДЕО


Акмал ва Анвар ду ҷавоне, ки ҷони як духтарро аз бинои оташгирифтаи шифохонае наҷот доданд, мегӯянд, ки фақат вазифаи инсониашонро иҷро карданд ва худро қаҳрамон намеҳисобанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми март дар Маркази саломатии ноҳияи Ёвон ба вуқуъ пайваст. Роҳ ёфтани як навори кӯтоҳ аз корнамоии ду ҷавон ба Интернет, ки бо таноб духтареро аз иҳотаи оташ мекашанд, боиси ситоиши зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Акмал Султонов ва Анвар Таваралиев, ҷавонҳое, ки Миҷгонаи 27-соларо аз миёни дуду оташ наҷот доданд, сокинони деҳаи Сарқамиши Ёвон ҳастанд. Онҳо дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳангоми чунин фалокатҳо инсонҳо набояд тамошобин, балки наҷотдиҳандаи ҳамдигар бошанд.

Акмал нақл кард, ки субҳи 6-уми март мехостанд, ба аёдати як дӯсташон ба Маркази саломатӣ раванд, вале бо наздик шудан ба бино, дуди ғализ ва садои имдодхоҳии духтарро шуниданд. Ба қавли ӯ, пас аз расидан ба саҳни Маркази саломатӣ, духтарро дар ошёнаи панҷум диданд, ки фарёд мекашид: "наҷотам диҳед".

Акмал афзуд: “Ман роҳҳои баромадан ба боми Маркази саломатиро ба хубӣ медонам, зеро таҷрибаи кор дар ин марказро дорам. Зуд тасмим гирифтем, ки баромада духтарро наҷот диҳем. Ба мо банд лозим шуд, пурсидем, як нафар оварда дод, дуд зиёд шудан мегирифт, ҳамроҳи рафиқам дохил даромадем, аз он ҷо ба болои бом баромадем, ҳамин вақт духтар дар назди тирезаи ошёнаи панҷум буд. Мо аз боло медонистем, ки ҳолаш ногувор аст, имкони аз дигар ҷо баровардани ӯ набуд, барои ҳамин ба ӯ гуфтем, бандро дар бараш сахт бандаду, сахт дорад. Ӯро кашида ба боло баровардем".

Ҳамсӯҳбатамон гуфт, замоне, ки онҳо духтарро наҷот медоданд, чанде аз кормандони идораи оташнишонӣ машғули наҷоти афроди дигар буданд: "Дидем, ки вайҳо каманд, мо низ хостем наҷот диҳем. Дар ин ҳолат як ҷавонмардӣ аст, бояд ба наҷот додан равем, нишаста мисли дигарҳо тамошо накунем".

Анвар Таваралиев -- рафиқи Акмал мегӯяд, дар сохтмонҳои бузурги Русия кор кардааст ва то боми панҷошёна баромадану наҷот додани як инсон барояш мушкиле надошт. Аммо ба қавли ӯ, онҳо танҳо аз ин ҳарос доштанд, ки мабодо таноб наканаду духтар биафтад: "Вақте духтарро наҷот додем, аҳволаш чандон хуб набуд. Болои бом ҳаво сард буд, курткаамро додам, ки пӯшад, хунук нахӯрад, то поён фароварда, ӯро ба дасти табибон супоридем".

Акмал ва Анвар ҳамшираи шафқатро аз коми оташ берун кашиданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Миҷгона Иброҳимоваи 27-сола, духтаре, ки наҷот ёфт, сокини деҳаи Чашмасори Ёвон буда, 6 сол аст дар Маркази саломатӣ ба ҳайси парастор кор мекунад. Пас аз наҷот ёфтанаш, муддате зери назорати табибон мондааст. Миҷгона дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, худро хуб эҳсос мекунад. Барояш тасвири лаҳзаи дар миёни дуду оташ мондан осон набуд.

Миҷгона нақл кард, ки субҳи 6-уми март ҳангоме дар утоқи кориаш, дар ошёнаи чаҳорум либос иваз мекард, садоеро шунида, аз тиреза ба берун нигарист, ки ҳама ба сӯи марказ нигоҳ доранд. Ӯ афзуд, "ҳамин вақт ба сӯи дари утоқ гаштам, ки аз таги дар дуди сиёҳ мебаромад, зиёд тарсидам, дарро боз кардам, ҳама ҷо дуд ва торик буд, то зинапояҳои ошёна рафтам, лекин нафасам гирифт, бемории диққи нафас дорам, дигар пеш рафта натавонистам. Баромадан осон набуд, ба утоқ гашта омадам, ки он ҷо низ пур аз дуд шудааст, нафас кашида намешуд, назди тиреза истодам, ки ҳаво дарояд, нафас кашида тавонам".

Ҳамсӯҳбатамон афзуд, вақте ҷавонҳо танобро дароз карданд, тарсид, вале ягона роҳи наҷоташ ҳамин буд: "Намедонам, ба он ҷавонҳо чӣ гуна изҳори миннатдорӣ намоям, ҳаргиз дардро набинанд ва ҳамеша саломат бошанд".

Ба иттилои мақомоти идораи сӯхторхомшкунии Ёвон, сӯхтор дар бинои Маркази саломатӣ бинобар ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ сар задааст. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст ва мақомот зарари молии онро ҳисоб мекунанд. Ба Акмалу Анвар, ки Миҷгонаро наҷот додаанд, барои чунин корнамоӣ, раиси ноҳияи Ёвон ифтихорнома супурдааст.

XS
SM
MD
LG