Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду голи Манучеҳр Ҷалилов ба "Истиқлол" дар бозӣ бо "Хуҷанд" пирӯзӣ овард


Бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд", 11-уми март, 2020.
Бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд", 11-уми март, 2020.

Бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020, ки шоми чоршанбеи 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бе тамошобин доир гардид, бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ба поён расид.

Ҳарду голро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи меҳмонон дар нимаи аввали дидор зад. Ӯ дар дақиқаи 21-ум аз ҷаримагоҳ тӯбро бо зарбаи сар ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид намуд. Голи дувумро Манучеҳр баъди ҳашт дақиқа аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” дар нахустин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 рақибашро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард ва бо се имтиёз дар гурӯҳи “D” мақоми аввалро касб намуд.

Виталий Левченко, сармураббии бошгоҳи “Истиқлол”, ки порсол “Хуҷанд”-ро машқ медод, аз пирӯзии дастаи наваш хушҳол буд, вале аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бозӣ бе тамошбинон доир шуд.

“Бошгоҳи мо мухлисони зиёд дорад ва дар ин бозӣ мо аз кумаки бозигари 12-ум маҳрум шудем. Вале умедворам, ки онҳо бозии моро тавассути телевизион тариқи пахши мустақим тамошо карда, лаззат бурданд. Дар назди дастаи мо вазифаҳои аз ҳама баланд гузошта шудааст, аввалан аз гурӯҳ баромадан ва баъдан ғолиб шудан дар Ҷоми АФК ", - иброз дошт Виталий Левченко.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ тавсия додааст, ки ба иллати хатари коронавирус чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар коҳиш дода шавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам тасмим гирифт, ки бозии Ҷоми AFC-2020 миёни ду бошгоҳи кишвар бидуни тамошобин доир карда шавад.

Ба ҷуз аз ду бошгоҳи Тоҷикистон, ба гурӯҳи “D” дастаҳои “Алтин Асир”, қаҳрамони Туркманистон ва “Дордой”, қаҳрамони Қирғизистон, дохиланд. Бо тасмими Конфедератсиони футболи Осиё бозӣ миёни дастаҳои «Дордой» ва «Алтин Асир», ки мебоист 11-уми март дар Бишкек доир мегашт, ба муҳлати дертар ба таъхир гузошта шуд.

Ҷоми AFC-2020

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0), Манучеҳр Ҷалилов, 29 – аз пеналтӣ (2:0)

“Истиқлол”: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+1), Алишер Ҷалилов, Хуршед-Темур Ҷӯраев, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Воҳид Оразсахедов, 66), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 88).

“Хуҷанд”: Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Алишер Баротов (Манучеҳр Аҳмадов, 84), Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Сафаров, 74), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Санҷар Рихсибоев, Комрон Мирзонаҷот, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Бозоров, Андрей Сидоров (Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 62).

Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов ("Истиқлол").

Огоҳӣ гирифтанд: Алишер Ҷалилов, Хуршед-Темур Ҷӯраев ("Истиқлол").

Сардовар: Аҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).

Кӯмакдоварон: Яъқуб Ал-Мутаирӣ, Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ (ҳарду аз Кувайт).

Довари эҳтиётӣ: Умар Ашконанӣ (Кувайт).

Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Иморот).

11-уми март. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

1

0

0

2-0

3

2

«Алтин Асир» (Туркманистон)

0

0

0

0

0-0

0

3

«Дордой» (Қирғизистон)

0

0

0

0

0-0

0

4

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

1

0

0

1

0-2

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

15 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 3-юм

29 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

13 май (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

27 май (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

17 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG