Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи "80 дирам"-и муштариёни ширкатҳои мобилӣ бекор карда шуд? ВИДЕО


Аз ширкатҳои мобилӣ хостанд, масъалаи "80 дирам"-ро шарҳ диҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Ин гузориш аз нишасти матбуотии раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар масъалаи "80 дирам" аст. Моҳи январи 2020

Баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 15-уми март, дар рӯзи байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо, бо фиристодани паёмаке ба муштариёни худ хабар доданд, ки аз оғози моҳи май 80 дирам пули иловагӣ ё "пардохти ҳатмии ҳармоҳа" ситонда нахоҳад шуд.

Аз соли 2015 ба ин тараф аз соҳибони ҳар як симкорт дар як моҳ 80-дирамӣ ситонда мешавад. Сокинон чунин "ҳақситонӣ"-ро бепоя медонанд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, ин ҳаққи истифодаи ҳар як шумораи мобилӣ аст ва аз тарафи Хадамоти алоқа таъин шудааст.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "қарори аз моҳи май бекор шудани пардохти 80 дирам барои истифодаи рақамҳои мобилӣ дуруст аст", аммо афзуд, феълан ҷузъиётро намедонад.

Масъалаи пардохти 80 дирам дар охири моҳи январи имсол дар нишасти матбуотии раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдумаҷид Муъминзод низ рӯ зад ва ӯ гуфта буд, дар пайи шикояти зиёди муштариён тасмим гирифтанд, масъаларо рӯшан кунанд. Вай он замон гуфта буд, ба ширкатҳои мобилиӣ нома фиристодаанд, то сабаби чунин тасмимро шарҳ диҳанд.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҷавоб ба суолҳо, ки чаро бо гузашти шаш сол акнун мехоҳанд асос доштани ҳақситонии ширкатҳои мобилиро аз муштариён бисанҷанд, гуфт: "То имрӯз шикоят набуд ва ҳоло хостем ин масъаларо асоснок намоянд".

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, рӯзи 15-уми март дар шарҳи ин хабар дар Фейсбук навишт, "чунин "андоз" ба ғайри мо боз дар кадом кишвар буд? Чаро маҳз аз 1-уми май бекор карда мешавад? Агар ин "пардохт" ғайриқонунист, чаро бояд касе муҷозот нашавад? Ва маблағҳои то ин замон соҳибшуда аз муштариён, ки миллионҳо сомонист, баргардонида мешаванд?"

Ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ҳафт миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебаранд ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштарии фаъол ҳастанд.

XS
SM
MD
LG