Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ 7 зина боло шуд


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ, ки 16-уми март дар сомонаи futsalworldranking.be нашр шудааст, ҳафт зина боло шуд ва дар байни 115 кишвар бо 918 имтиёз дар ҷойгоҳи 63-юм қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия бо 1810 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Испания бо 1801 имтиёз дар зинаи дувум ва Аргентина бо 1694 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Русия (1642 имтиёз), Португалия (1639 имтиёз), Эрон (1603 имтиёз), Қазоқистон (1558 имтиёз), Италия (1500 имтиёз), Парагвай (1479 имтиёз) ва Хорватия (1462 имтиёз) дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 13-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1603 имтиёз дар зинаи 6-ум) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 16-ум, 1368 имтиёз) ва Узбекистон севум (дар ҷаҳон 26-ум, 1221 имтиёз) мебошанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (69-ум) Арманистон (79-ум), Литва (88-ум) ва Эстония (110-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (7-ум), Узбекистон (26-ум) ва Қирғизистон (42-юм) ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад.

Зимнан, қаҳрамонии футзали Осиё мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд, вале ба иллати хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон бо тасмими Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) мусобиқа ба 5-16-уми август гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG