Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истаравшан" ва ССКА дар финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон


Бозиҳои Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистон.

Дастаҳои «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва ССКА-и Душанбе дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон 16-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуданд. Замони асосии бозии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Кӯктош» ва «Истаравшан» бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ ё пеналтӣ кори футболбозони «Истаравшан» омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5:4 ғолиб шуданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои ССКА ва «Душанбе-83», ки бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт, ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ муайян карда шуд. Низомиён бо задани зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 ғолиб омада, ба финал баромаданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе, 18-уми март, доир мегардад, ба мисли соли гузашта дастаҳои «Истаравшан» ва ССКА бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Ин бозӣ дар майдони осоишгоҳи «Баҳористон» соати 14:30 оғоз меёбад. Дар бозӣ барои ҷойи севум рӯзи чоршанбе соати 10:30 дар майдони Бонки миллии Тоҷикистон дастаҳои «Кӯктош» ва «Душанбе-83» вориди рақобат мешаванд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Нимфинал

«Кӯктош» – «Истаравшан» – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:5

ССКА – «Душанбе-83» – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2

18-уми март (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷойи севум

10:30 – «Кӯктош» – «Душанбе-83». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

Финал

14:30 – «Истаравшан» – ССКА. Варзишгоҳи «Баҳористон»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG