Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IOC мекӯшад Олимпиадаи Токио дар санаи муайяншуда доир гардад


Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) тамоми талошҳоро мекунад, то Олимпиадаи соли 2020 дар Токио дар санаи қаблан тасдиқшуда, аз 24-уми июл то 9-уми август, баргузор карда шавад.

Чунин аст натиҷаи мусоҳибаҳои видеоӣ бо роҳбарияти федератсияҳои намудҳои тобистонаи варзиш ва кумитаҳои миллии олимпӣ. Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо федератсияҳои байналмилалии варзишӣ машваратҳо доир намуд ва 17-уми март баёнияи расмӣ нашр кард.

Дар баёнияи IOC омадааст, Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешавад, новобаста ба он ки бо сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ барҳам ё ба вақти дигар гузаронида шуданд.

"Вазъият дар мавриди вируси COVID-19 ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио низ таъсир мерасонад ва ҳамарӯза тағйир меёбад. IOC то ҳоло комилан омодааст Бозиҳои олимпиро дар Токио дар соли 2020 гузаронад. Бо назардошти он ки қабл аз бозиҳо беш аз чаҳор моҳ мондааст, зарурати қабули ҳама гуна тасмимҳои радикалӣ дар ин марҳила ва ҳар гуна тахминҳо дар айни замон баръакс хоҳад буд",-омадааст дар баёнияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ.

Тадбирҳои сершумори мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои ислоҳи вазъ ва пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 кӯмак мерасонанд. IOC, Кумитаи тадорукоти бозиҳо ва ҳукумати Ҷопон минбаъд низ масъулият ва ҳамоҳангиро дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ идома хоҳанд дод.

Ҳамзамон, яке аз принсипҳо ҳифзи саломатии ҳамаи иштироккунандагони Бозиҳо ва дастгирии талошҳо барои паҳн накардани коронавирус хоҳад буд. IOC иқрор шуд, ки дар масъалаи мусобиқоти интихобӣ бинобар паҳн шудани вирус ба мушкил дучор омадааст.

IOC ҳамаи варзишгаронро даъват кардааст, ки омодагиро ба Бозиҳои олимпӣ идома диҳанд. Дар умум, аз 11000 варзишгаре, ки бояд дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунанд, 57 дар садаш маълум гардидааст. IOC дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои байналмилалӣ барои интихоби 43 дар сади боқимонда талош мекунанд.

Дар ин робита IOC гуруҳи махсусро ташкил кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба системаи интихобӣ аз номи Кумитаи иҷроияи IOC қарори фаврӣ қабул кунад.

"Саломатӣ ва беҳбудии ҳамаи онҳое, ки дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио иштирок мекунанд, нигаронии мост. Тамоми чораҳо барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои варзишгарон, мураббиён ва тимҳои миллӣ андешида шудаанд. Мо ҷомеаи олимпӣ ҳастем. Мо якдигарро дастгирӣ мекунем ва хуб чунин ҳамбастагии олимпӣ моро ҳамчун як ҷомеа муайян мекунад, "-гуфт президенти IOC Томас Бах.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG