Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истаравшан" барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи "Истаравшан" пирӯзиашро ҷашн мегирад.

Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар бозии ниҳоӣ ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон гардид.

Бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истаравшан» ва ССКА 18-уми март дар варзишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд. Голҳои «Истаравшан»-ро Зуфар Акбаралиев дар дақиқаи 10-ум ва Илҳомҷон Баротов дар дақиқаи 60-ум ба самар расониданд. Голи ягонаи низомиёнро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 67-ум зад.

Зимнан, соли гузашта низ дар бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон дастаҳои «Истаравшан» ва ССКА рақобат карда буданд. Он замон низомиён ғолиб шуда буданд. Ин дафъа «Истаравшан» интиқом гирифт.

Ба дастаи ғолиб -- "Истаравшан" ба ҷуз аз Ҷом медалҳои тилло ва ба дастаи ССКА медалҳои нуқраи Лигаи футболи Тоҷикистон супурда шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи севум, ки рӯзи чоршанбе дар майдони Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, дастаи «Душанбе-83»-и Душанбе бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳои Далер Имомназаров ва Колинса Адухене ба душанбегиҳо пирӯзӣ овард. «Душанбе-83» бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи имсола барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз 10-ум то 18-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ширкати даҳ дастаи Лигаи олӣ баргузор шуд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Бозӣ барои ҷойи севум

«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 1:2

Голҳо: Далер Имомназаров, 19 (0:1). Колинс Адухене, 42 (0:2). Азизбек Султонов, 90+2 (1:2).

Огоҳӣ гирифтанд: Холмурод Назаров, Аҳтам Холбоев, Далер Ёдгоров («Кӯктош»), Дилшод Расулов, Фаромурз Саидов, Алишер Эргашев («Душанбе-83»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Муҳиддин Одилов («Кӯктош»), 70, Мунир Давлатбеков («Кӯктош»), 90, Идрис Амину («Душанбе-83»), 90.

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Имомназаров («Душанбе-83»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

18-уми март. Гулистон. Варзишгоҳи Бонки миллӣ.

Финал

«Истаравшан» – ССКА – 2:1

Голҳо: Зуфар Акбаралиев, 10 (1:0). Илҳомҷон Баротов, 60 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 67 (2:1).

Огоҳӣ гирифтанд: Саиддостон Фозилов, Азизҷон Шамсиев, Насим Расулов, Илҳомҷон Баротов, Қаҳрамон Ҳомидов, Шаҳбоз Шамсиддинов, Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), Комрони Мирзохон, Фирӯз Бобиев (ССКА).

Беҳтарин бозигари дидор: Зуфар Акбаралиев («Истаравшан»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

18-уми март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон».

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG