Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаҳои идона бахшида ба Наврӯз дар Душанбе. САДО


Акс аз бойгонӣ

Мусобиқа оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт», ки 13-уми март дар шаҳри Душанбе шуруъ шуд, то рӯзи 17-уми апрел идома хоҳад кард.

Мусобиқаи мазкур, ки ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе - бахшида шудааст, бо ширкати 76 даста дар майдончаҳои варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, мудири Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз, 20-уми март, хабар дод.

Ӯ гуфт, «тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин мусобиқа аз буҷаи шаҳрдорӣ 128800 сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. Бар асоси дастури мусобиқа бозиҳо мувофиқи синну соли иштироккунандагон дар ҳашт зергурӯҳ сурат гирифтааст. Ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳое, ки дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир мешаванд, ба даври баъдӣ роҳ пайдо мекунанд.»

Ба гуфтаи Камолов, инчунин бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз рӯзҳои 21-22-юми март дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт - 2020» доир мегардад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
Линки мустақим


«Дар мусобиқаи гуштии миллӣ, ки рӯзи 21-уми март, соати 9:00 шуруъ мешавад, ширкати паҳлавонони маъруфи тоҷик, монанди Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов, Хуршед Маҷидов ва дигарон дар назар аст. Зимнан, марҳилаи аввали мусобиқа бо ширкати гуштигирон аз манотиқи мухталифи кишвар субҳи имрӯз, 20-уми март, оғоз ёфт. Ғолибон ба марҳилаи дувум - рақобатҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ, ки субҳи шанбе дар «Наврӯзгоҳ» шуруъ мегардад, роҳ пайдо мекунанд. Ғолибон бо тӯҳфаҳо сарфароз мешаванд”, - гуфт Раҳматшо Камолов.

Ҳамчунин рӯзи якшанбе, 22-юми март, дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт пойгаи аспдавонӣ бо ҷалби аспсаворони беҳтарин аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои кумитаи тадорукоти мусобиқот сарфароз мегарданд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани мусобиқаҳои гуштии миллӣ ва аспдавонӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ 190500 сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG