Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ногаҳонии Майк Помпео ба Кобул


Майк Помпео бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, 23 март, 2020.
Майк Помпео бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, 23 март, 2020.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 23-юми март дар як сафари аз қабл эълоннашуда, ба Афғонистон сафар кард. Вазири умури хориҷии Амрико бо президент Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ дидору гуфтугӯ намуд. То ба ҳол ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо эълон нашудааст.

Дафтари матбуоти Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз ин мулоқот дар сафҳаи "Фейсбук" хабар дод, ки ду тараф дар бораи аҳамият ва муваффақияти раванди сулҳ ва зарурати ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, ки аз интихоботи президентӣ сарчашма мегирад, баҳс ва табодули назар карданд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Ашраф Ғанӣ ҳам дар "Твиттер" навиштааст, ки дар дидори Помпео ва Ғанӣ дар мавриди раванди сулҳ, иқдомҳои баъдӣ дар ин раванд ва созиши минтақавӣ дар хусуси сулҳи Афғонистон баҳс шуд. Оқои Сиддиқӣ афзудааст, ки дар ин мулоқот дар бораи вазъияти амниятӣ ва сиёсии Афғонистон низ баҳс шудааст. Ё ҷузъиёти бештар ироа накард.

Кашмакашҳои интихоботи президентии соли дар Афғонистон Вашинтгтонро нигарон кардааст, ки сулҳи бадастомада бо Толибонро зери хатар қарор медиҳад. Ду ҳафта пеш Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросимҳои ҷудогона дар Кобул савганди президентӣ ёд карданд.

Танишҳои сиёсӣ миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз он боло гирифт, ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон оқои Ғаниро барандаи интихоботи президентӣ эълом кард. Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро напазируфт ва ҳукумати худашро эълон кард.

Майк Помпео ҳоло талош мекунад, ки ин ду рақиби сиёсиро ба созиш оварда, ҷараёни музокираҳои Толибон ва ҳукумати Афғонистонро, ки як шарти дигари созиши амрикоиҳо ва шӯришиён мебошад, ба роҳ монад.

Сафари Помпео як рӯз баъд аз аввалин гуфтугӯи ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар заминаи табодули зиндониҳо сурат мегирад. Дар ин бора фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод хабар дод.

Музокираи аввалини табодули зиндониҳо рӯзи 22-юми март ба хотири нигарониҳо аз паҳншавии коронавирус тавассути "Скайп" баргузор шуд. Он ду соат давом кард ва Амрикову Қатар дар ин нишасти интернетӣ миёни Афғонистон ва Толибон ба ҳайси миёнҷӣ иштирок карданд.

Помпео, ки тавассути саҳифаи "Твиттер"-и худ ба зарурати иҷрои нақшаи озодкунии зиндониҳо таъкид кард, инчунин гуфт, ки паҳн шудани коронавирус аҳамияти амалӣ шудани ин барномаро "суръат мебахшад".

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Афғонистон рӯзи 22-уми март дар бораи нахустин ҳодисаи марг бар асари олудагӣ ба коронавирус хабар доданд. Дар ин кишвар то дирӯз 22 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Рӯзи 29-уми феврал Амрико ба хотири хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон бо Толибон созиши таърихӣ имзо кард, ки як шарти муҳимаш, тарки ин кишвар кардани нерӯҳои хориҷӣ мебошад. Бар асоси ин созиш, агар Толибон ба ин созишнома амал кунанд, Амрико ва НАТО дар мӯҳлати 14 моҳ аз хоки Афғонистон хориҷ мешаванд.

Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон пеш аз ин аз раҳбарони сиёсии Афғонистон хоста буд, ки барои ташкили як ҳукумати ҳамашумул ба созиш бирасанд.

XS
SM
MD
LG