Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Амрико $1 млрд аз кӯмакҳояш ба Афғонистонро қатъ кард


Мулоқоти Майк Помпео бо Ашраф Ғанӣ. Кобул, 23 март, 2020.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 23-юми март бо нашри як баёнияи сахтгӯёна, идомаи зиддиятҳоро дар байни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ танқид карда, онро таҳдид ба амнияти миллии ИМА номидааст. Ин баёния пас аз талошҳои бенатиҷаи Майк Помпео барои ҳалли ихтилофот миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, нашр шуд.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар ин баёния гуфтааст, ки ҳоло як миллиард доллар кӯмакҳои худ барои Афғонистонро қатъ мекунад. Вашингтон шарт гузошт, ки танҳо дар сурати ташкили як "ҳукумати фарогир ва шарикӣ дар раванди сулҳ", дар ин кӯмакҳои худ бознигарӣ хоҳад кард.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки ИМА ҳамин миқдор пулро аз кӯмаки соли 2021 барои Афғонистон қатъ мекунад ва ҳама барномаҳо ва тарҳҳои худро бозмедорад.

Ин баёнияи Вазорати умури хориҷии Амрико пас аз он нашр шуд, ки Майк Помпео рӯзи 23-юми март пас аз ҳафт соат мулоқоту гуфтугӯ Кобулро тарк кард. Оқои Помпео дар Кобул бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд.

Қаҳҳор Обид, раиси дафтари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нишастҳои рӯзи душанбе бенатиҷа анҷом ёфт. Ӯ афзуд, ки хостаҳои онҳо қабул нашудааст.

"Нишасти муштарак сурат гирифт ва поён ёфт. Дар он, тағйири сохтор, ки аз ҷониби мо матраҳ шуда буд, аз сӯи оқои Ғанӣ қабул нашуд. Бинобар ҳамин, нишаст ҳам бидуни натиҷа поён ёфт". Раиси дафтари Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди хости мушаххасашон дар бораи тағйири сохтор, ҷузъиёти бештар ироа накард.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, Ашраф Ғанӣ дар мулоқоташ бо Майк Помпео дар бораи раванди сулҳ ва вазъи амниятӣ ва сиёсии Афғонистон гуфтугӯ карданд. Аммо манбаъ дар бораи баҳс роҷеъ ба ҳалли ихтилофҳои сиёсӣ чизе нагуфтааст.

Як мақоми Вазорати умури хориҷии Амрико, ки Майк Помпеоро дар ин сафар ба Афғонистон ҳамроҳӣ мекард, ба хабарнигорон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир онҳо нигаронанд, ки агар бӯҳрон дар зудтарин фурсат ҳал нашавад, раванди сулҳ ва гуфтугӯҳо барои поён ёфтани ҷанги 40-сола, халалдор хоҳад шуд.

Кашмакашҳои интихоботи президентии соли дар Афғонистон Вашингтонро нигарон кардааст, ки сулҳи бадастомада бо Толибонро зери хатар қарор медиҳад. Ду ҳафта пеш Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросимҳои ҷудогона дар Кобул савганди президентӣ ёд карданд.

Зиддият миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз он боло гирифт, ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон оқои Ғаниро барандаи интихоботи президентӣ эълом кард. Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро напазируфт ва ҳукумати худашро эълон кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG