Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аспҳои сарватмандону сиёсатмадорон дар мусобиқаи наврӯзӣ. Кӣ ғолиб омад?


Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2020 бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки 22-юми март дар “Наврӯзгоҳ-и Душанбе баргузор шуд, 70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг ширкат дошт.

Дар ин бора довари ин мусобиқа профессор Арбобмирзо Шамсиев, муҳаққиқи соҳа ва муаллифи аспи зоти тоҷикӣ, имрӯз, 24-уми март, ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии човандозон ва пойгаи аспдавонӣ доир гардид.

Дар пойгаи асосӣ ба масофаи 2000 метр миёни аспҳои аз чаҳорсола болои зоти англисӣ аспе бо лақаби “Шерхон-Дарк” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Манучеҳр Асомиддинов, бо натиҷаи 2 дақиқаю 3 сония пирӯз шуд. Мақоми дувумро низ аспи Анӯшервони Рустам бо лақаби “Паймон”, ки саворааш Далер Сафаров буд, бо натиҷаи 2 дақиқаю 5 сония касб намуд.

Мақоми севумро аспе бо лақаби “Ватан” аз Душанбе, соҳибаш Ромиш Умаров, саворааш Шоҳрух Ятимов, бо натиҷаи 2 дақиқаю 6 сония ишғол кард.

Дар пойга бо аспҳои сесолаи зоти ахалтекинӣ (туркманӣ) ба масофаи 1400 метр аспе бо лақаби “Сарбаланд” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов, бо натиҷаи 1 дақиқаю 35 сония ғолиб гардид.

Мақоми дувумро аспе бо лақаби “Тулуъ” аз ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибаш Абдусамад Ҷалматов, саворааш Бобур Ҷалматов, бо натиҷаи 1 дақиқаю 39 сония касб намуд.

Мақоми севумро аспе бо лақаби “Самарқанд” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Манучеҳр Асомиддинов бо натиҷаи 1 дақиқаю 43 сония ишғол кард.

Боз дар шаш пойгаи дигар бо аспҳои зоти тоҷикӣ ба масофаҳои 1400, 1800 ва 2000 метр ғолибон муайян шуда, бо ҷоми рамзиву медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд.

Зимнан, маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 61 хазор сомониро ташкил медод, ки онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ихтисос дода буд. Дар ҳар як пойга ба ғолиб 2000 сомонӣ, барои ҷойи дувум 1500 сомонӣ ва барои ҷойи севум 1000 сомонӣ тақдим гардид. Ин дафъа шоҳҷоиза таъсис дода нашуда буд.

“Дар ин мусобиқаи наврӯзӣ аспҳои баъзе аз раҳбарону сарватмандон ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик, аз қабили Рустами Эмомалӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён, Шоҳрух Саидзода, Беҳзод Файзуллоев ва дигарон ширкат дошт. Инчунин дар пойга аспҳои хоҷагиҳои деҳқонии "Мир"-и ноҳияи Ховалинг, "Бегиҷон"-и шаҳри Роғун ва Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе, инчунин ашхоси алоҳида иштирок карданд”, - гуфт довари мусобиқа Мирзо Шамсиев.

Ғолибону ҷоизадорони пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои Ҷоми Пойтахт-2020

Пойгаи 1-ум, аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ. Масофа - 1400 метр
1. Лақаби асп “Красавчик” аз Душанбе, соҳибаш Ҷамшед Гулов, саворааш Фирдавс Саломов, натиҷа – 1 дақиқаю 33 сония.

2. Лақаби асп “Бомдод” аз Душанбе, соҳибаш Исмоилҷон Соҳибов, саворааш Далер Сафаров, натиҷа – 1 дақиқаю 34 сония.

3. Лақаби асп “Звезда” аз хоҷагии деҳқонии Бегиҷони Роғун, соҳибаш Раҳматшо Бегиҷонзода, саворааш худи ӯ, натиҷа – 1 дақиқаю 38 сония.​
Пойгаи 2-юм, аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ. 1400 метр
1. Лақаби асп “Пулия” аз ноҳияи Файзобод, соҳибаш Абдулқосим Раҳмонов, саворааш худи ӯ, натиҷа – 1 дақиқаю 43 сония.

2. Лақаби асп “Закот” аз ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибаш Абдусамад Ҷалматов, саворааш Сироҷ Мамадов, натиҷа – 1 дақиқаю 44 сония.

3. Лақаби асп “Гумбаз” аз шаҳри Роғун, соҳибаш Маҳмадюсуф Набиев, саворааш Қурбоншо Набиев, натиҷа – 1 дақиқаю 45 сония.​
Пойгаи 3-юм, аспҳои синну соли гуногуни ахалтекинӣ (туркманӣ). Масофа - 1400 метр
1. Лақаби асп “Сарбаланд” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов, натиҷа – 1 дақиқаю 35 сония.

2. Лақаби асп “Тулуъ” аз ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибаш Абдусамад Ҷалматов, саворааш Бобур Ҷалматов, натиҷа – 1 дақиқаю 39 сония.

3. Лақаби асп “Самарқанд” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Манучеҳр Асломиддинов, натиҷа – 1 дақиқаю 43 сония.​
Пойгаи 4-ум, аспҳои аз 8-сола болои зоти тоҷикӣ. Масофа - 1400 метр
1. Лақаби асп “Тархун” аз Душанбе, соҳибаш Амри Яздон, саворааш Фирдавс Саломов, натиҷа – 1 дақиқаю 43 сония.

2. Лақаби асп “Виёл” аз Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе, саворааш Ориф Зайниддинов, натиҷа – 1 дақиқаю 48 сония.

3. Лақаби асп “Лаъл” аз Душанбе, соҳибаш Бегмурод Эшонқулов, саворааш Азиз Муродов, натиҷа – 1 дақиқаю 53 сония.​
Пойгаи 5-ум, аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ. Масофа - 1800 метр

1. Лақаби асп “Радана” аз Душанбе, соҳибаш Муҳаммад Гулов, саворааш Далер Сафаров, натиҷа – 2 дақиқаю 7 сония.

2. Лақаби асп “Разгром” аз Душанбе, соҳибаш Шаҳзод Гулов, саворааш Анӯшервон Сатторов, натиҷа – 2 дақиқаю 9 сония.

3. Лақаби асп “Бағдод” аз Душанбе, соҳибаш Алиҷон Саидов, саворааш Азиз Муродов, натиҷа – 2 дақиқаю 10 сония.

Пойгаи 6-ум, аспҳои 4-солаи зоти тоҷикӣ. Масофа - 2000 метр

1. Лақаби асп “Талисмон” аз Душанбе, соҳибаш Билол Саидов, саворааш Шоҳрух Ятимов, натиҷа – 2 дақиқаю 18 сония.

2. Лақаби асп “Энергетик” аз Душанбе, соҳибаш Эраҷ Гулов, саворааш Манучеҳр Асомиддинов, натиҷа – 2 дақиқаю 19 сония.

3. Лақаби асп “Гуланг” аз ноҳияи Ховалинг, соҳибаш Некмурод Боев, саворааш Анӯшервон Сатторов, натиҷа – 2 дақиқаю 24 сония.

Пойгаи 7-ум, аспҳои аз 4-сола болои зоти англисӣ. Масофа - 2000 метр

1. Лақаби асп “Шерхон-Дарк” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Манучеҳр Асомиддинов, натиҷа – 2 дақиқаю 3 сония.

2. Лақаби асп “Паймон” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Далер Сафаров, натиҷа – 2 дақиқаю 5 сония.

3. Лақаби асп “Ватан” аз Душанбе, соҳибаш Ромиш Умаров, саворааш Шоҳрух Ятимов, натиҷа – 2 дақиқаю 6 сония.

Пойгаи 8-ум, аспҳои 2-солаи зоти тоҷикӣ. Масофа - 1400 метр

1. Лақаби асп “Аввала” аз хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, саворааш Анӯшервон Сатторов, натиҷа – 1 дақиқаю 40 сония.

2. Лақаби асп “Абобил” аз хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, саворааш Шодрӯз Сӯфиев, натиҷа – 1 дақиқаю 42 сония.

3. Лақаби асп “Тилло” аз ноҳияи Фархор, соҳибаш Азамат Ҷумъаев, саворааш худи ӯ, натиҷа – 1 дақиқаю 51 сония.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG